Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 01.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар нуҳ моҳи соли 2026 аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоии 1,5-фоиза барои табобат ва барқарор намудани саломатии аъзои иттифоқи касаба 15 ҳазору 311 роҳхат ба маблағи умумии 32 миллиону 434 ҳазору 829 сомонӣ ҷудо карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон хабар доданд.

Ин тадбир дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиб ва андозаи хароҷоти маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ барои табобати санаторию курортӣ, ташкили истироҳати кормандон ва аъзои оилаи онҳо ва чорабиниҳои солимгардонию пешгирикунанда дар корхонаҳо» амалӣ гардид.

Роҳхатҳои ҷудогардида барои табобат ва барқарор намудани саломатии кормандон дар осоишгоҳу санаторияҳои ҷумҳурӣ пешбинӣ шуданд.

Ин иқдом ба ҳифзи саломатии кормандон, фароҳам овардани шароити мусоид барои истироҳату солимгардонии онҳо ва пешгирии бемориҳо равона гардидааст.

Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ин иттифоқ амалӣ намудани назорати ҷамъиятӣ дар самти риоя ва иҷрои талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ оид ба танзими муносибатҳои меҳнатӣ, ҳифзи манфиатҳои иҷтимоии кормандон ва аҳли оилаи онҳо, бархурдор гардидани кормандон аз ваколатҳои иҷтимоӣ, ки онро санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, мебошад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Источник: АМИТ "Ховар"