Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
АМИТ "Ховар" · · g616052
ДУШАНБЕ, 19.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи 17-уми Конфронси Тарафҳои Конвенсия оид ба гуногунии биологӣ (CBD COP17) дар шаҳри Ереван мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо Вазири муҳити зисти Ҷумҳурии Арманистон Амбарсум Матевосян доир гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҷонибҳо тақвияти ҳамкорӣ дар ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо, ҳифз ва мониторинги гуногунии биологӣ, ҳамкории илмӣ-техникӣ ва идоракунии устувори захираҳои биологиро баррасӣ карданд.
Раиси Кумита Баҳодур Шерализода ба ҷониби Арманистон дар бораи ташаббусҳои калидии Тоҷикистон дар соҳаҳои иқлим, захираҳои об ва ҳифзи пиряхҳо, ки дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Созмони Милали Муттаҳид амалӣ карда мешаванд, маълумот дод.
Дар мулоқот аҳамияти ҳамоҳангсозии талошҳо дар сатҳҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ таъкид карда шуд. Вазири муҳити зисти Арманистон Амбарсум Матевосян ташаббусҳои раёсати CBD COP17-и Арманистонро муаррифӣ карда, оид ба аҳамияти мубодилаи таҷриба ва қадамҳои амалии муштарак сухан гуфт.
Ҷонибҳо уҳдадории худро барои рушди минбаъдаи ҳамкории дуҷониба, тақвияти робитаҳои илмӣ-техникӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак тасдиқ карданд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон