Пагоҳ Душанбе мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ мегардад
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 05.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ дар шаҳри Душанбе Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз мегарданд, ки то 9 октябр идома меёбанд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар»
ДУШАНБЕ, 05.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ дар шаҳри Душанбе Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз мегарданд, ки то 9 октябр идома меёбанд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон .
6 октябр дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти унвони «Бозиҳои Делфӣ: воситаи муассир барои дастгирии истеъдодҳои ҷавон, рушди соҳаҳои эҷодӣ ва сайёҳии чорабинӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил кишварҳо» конфронси байналмилалӣ баргузор мегардад.
Дар ин рӯз, соати 17:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ифтитоҳи бозиҳо баргузор мегардад.
Дар Бозиҳои 20-уми Делфӣ иштирокчиён аз 9 давлати ҷаҳон аз рӯйи номинатсияи фортепиано, скрипка, санъати тасвирӣ, созҳои нафасӣ, сарояндаи академӣ, анъанавӣ, эстрадӣ ва рақси халқӣ ҳунарнамоӣ менамоянд. Ҳадафи баргузории Бозиҳои Делфӣ — дарёфти ҷавонони соҳибистеъдод, ҳавасмандгардонии фаъолияти эҷодӣ, баланд бардоштани сатҳи зебоишиносӣ, маънавиёти наврасону ҷавонон ва тарғиби арзишҳои фарҳанги миллӣ мебошад.
АКС аз бойгонӣ