Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 19.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Байни Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи миллии стандартизатсия Ҷумҳурии Мардумии Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии «То ҷикстандарт » хабар доданд.
Ёддошти тафоҳум 18 октябр дар шаҳри Душанбе зимни вохӯрии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сян ба имзо расид.
Ёддошт бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия, бамеъёрдарории техникӣ ва озмоиши маҳсулот бо назардошти талабот ва меъёрҳои байналмилалӣ, инчунин манфиатҳои миллӣ амалӣ хоҳад гашт.
Ёддошти тафоҳум барои ба роҳ мондани фаъолияти муштарак оид ба мувофиқа кардани ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ ва гузаронидани омӯзишҳо барои кормандон дар соҳаи стандартизатсия шароити мусоид фароҳам меорад.
АКС: АМИТ «Ховар»