Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 09.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 5 то 9 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардиданд. Тибқи натиҷаҳои озмуни фарҳангӣ, ҷавонони
ДУШАНБЕ, 09.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 5 то 9 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардиданд. Тибқи натиҷаҳои озмуни фарҳангӣ, ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо касби 16 медал (6 тилло, 5 нуқра, 5 биринҷӣ) ва дар умум 35 мукофот (бо назардошти ҷоизаҳои махсус) мақоми якумро ишғол намуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, Ҷумҳурии Қазоқистон бо касби 11 медал (4 тилло, 3 нуқра, 4 биринҷӣ) ва бо назардошти ҷоизаҳои махсус сазовори ҷойи дуюм гардид.
Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бори дуюм аст дар Тоҷикистон доир мегарданд. Дар он ҷавонони соҳибистеъдоди аз 10 то 25-сола аз 9 давлат: Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон ҳунарнамоӣ намуданд. Иштирокчиён давоми панҷ рӯз аз рӯйи 10 номинатсияи асосӣ, аз ҷумла фортепиано, скрипка, санъати тасвирӣ, созҳои нафасӣ ва халқӣ, сарояндагии академӣ, анъанавӣ ва эстрадӣ, рақси халқӣ ва ҳунарҳои мардумӣ маҳорати худро ба намоиш гузоштанд.
Дар доираи ин Бозиҳо 6 октябр дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Бозиҳои Делфӣ: воситаи муассир барои дастгирии истеъдодҳои ҷавон, рушди соҳаҳои эҷодӣ ва сайёҳӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид. Дар кори он иштирокдорон масъалаҳои дастгирии истеъдодҳои ҷавон, рушди бахшҳои фарҳангӣ, роҳҳои ҷалби бештари ҷавонон ба фаъолияти эҷодӣ, истифодаи имконияти фарҳангӣ барои рушди сайёҳӣ ва таҳкими ҳамкории байнидавлатиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Маросими ифтитоҳи расмии Бозиҳо 6 октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид. Зимни ифтитоҳи он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ Паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба меҳмонон ва иштирокчиёни Бозиҳо расониданд.
Дар доираи барномаҳои фарҳангӣ меҳмононон ва иштирокчиёни Бозиҳо аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва маконҳои таърихии пойтахт боздид намуда, бо таъриху тамаддуни бойи халқи тоҷик шинос шуданд.
Бозиҳои Делфӣ яке аз майдонҳои муҳими байналмилалӣ барои муаррифӣ ва рушди истеъдодҳои ҷавон дар соҳаи фарҳанг ва санъат ба шумор рафта, барои иштирокчиён имконият фароҳам меоранд, ки маҳорати касбӣ ва ҳунарии худро нишон дода, бо намояндагони дигар кишварҳо табодули таҷриба намоянд.
8 октябр дар Театри академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ гала-консерти бошукуҳи ғолибони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар гала-консерти ҷамъбастӣ ғолибон ва ҷоизадорони озмунҳои гуногуни Бозиҳои XX Делфӣ бо барномаҳои рангини ҳунарӣ баромад карданд. Барномаи фарҳангӣ таҷассумгари дӯстии фарҳангӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буд. Он инчунин барои таҳкими робитаҳои фарҳангӣ, рушди ҳамкории ҷавонон ва муаррифии дастовардҳои санъати миллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён зимни баргузории барномаи фарҳангӣ ба таври маҷозӣ иброз намуд, ки «ин ҳамоиш дилҳои садҳо ҷавони соҳибистеъдоди кишварҳои аъзои Иттиҳодро бо ҳам пайваст ва шуълаи умеду эҷодро дар қалби онҳо барои оянда фурӯзонтар намуд».
Директори Кумитаи байналмилалии Делфи Владимир Понявин гуфт, ки «Бозиҳои Делфӣ ҳамчун воситаи муассири дарёфти истеъдодҳо ва таҳкими пайвандҳои фарҳангӣ байни давлатҳо нақши калидӣ мебозанд».
Баргузории чунин чорабинии байналмилалӣ дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе барои муаррифии имконияти фарҳангӣ ва ҳунарии кишвар низ аҳамияти хос дорад. Он ба таҳкими мавқеи ҷавонон дар ҳаёти фарҳангӣ ва эҷодии ҷомеа, дастгирии истеъдодҳои наврасу ҷавон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди минбаъдаи онҳо мусоидат менамояд.
Ҳадаф аз баргузории Бозиҳои Делфӣ дарёфти ҷавонони соҳибистеъдод, ҳавасмандгардонии фаъолияти эҷодӣ, баланд бардоштани сатҳи зебоишиносӣ, маънавиёти наврасону ҷавонон ва тарғиби арзишҳои фарҳанги миллӣ мебошад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА, АМИТ «Ховар»
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон