Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 06.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносӣ хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 1 дараҷа хунук то 6 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 8+10 дараҷа гарм, рӯзона 8+13 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 15+17 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 9-14 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар водиҳо бебориш, дар ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳӣ асосан бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 дараҷа гарм, рӯзона 16+21 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 20+25 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 6+11 дараҷа ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 дараҷа ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7 дараҷа ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддати то 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 10+12 дараҷа ва рӯзона 23+25 дараҷа гарм мешавад.

Источник: АМИТ "Ховар"