«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 10.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» дар рушди низоми бонкии Тоҷикистон нақши назаррас мегузорад. Тибқи маълумот, ба ҳолати 30 сентябри соли 2026 дороиҳои Бонк

ДУШАНБЕ, 10.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» дар рушди низоми бонкии Тоҷикистон нақши назаррас мегузорад.

Тибқи маълумот, ба ҳолати 30 сентябри соли 2026 дороиҳои Бонк ба 1 миллиарду 445,0 млн сомонӣ расидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 ба маблағи 79,3 млн сомонӣ зиёд мебошад. Ҳамзамон, ҳаҷми умумии уҳдадориҳо 677,8 млн сомонӣ ва сармояи Бонк 767,2 млн сомониро ташкил додаанд.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки дар натиҷаи идоракунии самараноки захираҳои молиявӣ ва ҷойгиркунии мақсадноки дороиҳо бо дарназардошти хавфҳои мавҷуда, Бонк дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 139,6 млн сомонӣ даромад ба даст овардааст. Дар ин давра фоидаи софи Бонк ба 50,0 млн сомонӣ баробар гардидааст, ки аз самаранокии фаъолияти молиявӣ ва идоракунии захираҳои он шаҳодат медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ «Саноатсодиротбонк» ба мизоҷон дар маҷмӯъ 481,7 млн сомонӣ қарз пешниҳод кардааст. Аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 403,0 млн сомонӣ ё 84 фоиз ба соҳаҳои воқеии иқтисодиёт равона гардидааст.

Ин нишондиҳанда саҳми Бонкро дар маблағгузории фаъолияти соҳибкорӣ, дастгирии истеҳсолот ва мусоидат ба рушди иқтисодиёти мамлакат инъикос менамояд.

Ҳамзамон, ба ҳолати 30 сентябри соли 2026 бақияи сандуқи қарзии Бонк 815,7 млн сомониро ташкил додааст.

Натиҷаҳои фаъолияти «Саноатсодиротбонк» дар нуҳ моҳи соли 2026 аз идомаи фаъолияти мақсадноки Бонк дар самти таҳкими устувории молиявӣ, густариши хизматрасониҳои бонкӣ ва дастгирии бахшҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ гувоҳӣ медиҳанд.

АКС: Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк»

Источник: АМИТ "Ховар"