Раванди татбиқи лоиҳаи «Сохтмони лӯлаи газгузари Тоҷикистон-Чин, қисмати Д» баррасӣ гардид
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 19.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба раванди татбиқи лоиҳаи «Сохтмони лӯлаи газгузари Тоҷикистон–Чин, қисмати Д» зимни мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарияти ширкати «TTGP» -Trans-Tajik
ДУШАНБЕ, 19.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба раванди татбиқи лоиҳаи «Сохтмони лӯлаи газгузари Тоҷикистон–Чин, қисмати Д» зимни мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарияти ширкати «TTGP» -Trans-Tajik Gas Pipeline Company Ltd дар Душанбе баррасӣ гардиданд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар меҳвари мулоқот масъалаҳои ҷойдошта дар доираи лоиҳаи мазкур, раванди корҳои марбут ба татбиқи он, инчунин роҳҳои ҳалли масъалаҳои мавҷуда ва ҳамоҳангсозии минбаъдаи фаъолияти ҷонибҳо қарор гирифтанд.
Бояд тазаккур дод, ки TTGP» -Trans-Tajik Gas Pipeline Company Ltd —ширкати муштараки Тоҷикистон ва Чин буда, барои сохтмони лӯлаи газгузари Тоҷикистон – Чин, қисмати Д таъсис дода шудааст.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон