Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 04.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 3 ноябр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб ва фарҳанги миллӣ» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба академия.
Президенти Академияи миллии илмҳо Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки дар таърихи илму фарҳанги тоҷик шахсиятҳое ҳастанд, ки фаъолияти онҳо аз доираи як ихтисоси муайян фаротар рафта, ба ҷузъи муҳими ҳаёти маънавии миллат табдил ёфтааст. Академик Муҳаммадҷони Шакурӣ аз ҷумлаи ҳамин гуна чеҳраҳои нодири илму фарҳанг мебошад, ки мероси илмӣ ва андешаи иҷтимоиву фарҳангии ӯ дар ташаккули худшиносии миллӣ, рушди забон ва адабиёти тоҷик ва ҳифзи арзишҳои маънавии ҷомеа нақши барҷаста гузоштааст.
Дар солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯ аз ҷумлаи аввалин донишмандоне буд, ки зарурати эҳёи арзишҳои миллӣ ва таҳкими худшиносии таърихиву фарҳангиро ҳамчун шарти муҳими рушди ҷомеа бо далелҳои илмӣ асоснок намуд.
Иброз гардид, ки устод Муҳаммадҷони Шакурӣ узви пайвастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ буда, мактаби нақди адабӣ ва адабиётшиносии тоҷик давоми зиёда аз 60 сол бо номи ӯ иртибот дошт. Рисолаи номзадиашро дар мавзуи «Хусусиятҳои ғоявиву бадеии «Ёддоштҳо»-и устод Айнӣ» соли 1955 ва рисолаи докториашро таҳти унвони «Масъалаҳои услубии насри муосири тоҷик» соли 1970 ба дифоъ расонидааст. Муаллифи 60 китобу рисола ва беш аз 700 мақолаи илмӣ ва илмию оммавӣ мебошад.
Иштирокдорони конференсия доир ба саҳми арзандаи академик Муҳаммадҷони Шакурӣ андешаронӣ намуда, нақши ӯро дар таҳқиқи масъалаҳои услубшиносӣ ва рушди забони адабии тоҷик муҳим арзёбӣ карданд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон