Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 05.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Конститутсия — пояи давлатдории миллӣ ва кафили ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон» ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз донишгоҳ.
Дар ҳамоиш директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода дар мавзуи «Волоият ва айнияти конститутсионӣ-ҳуқуқии соҳибихтиёрии давлат» сухан намуда, паҳлуҳои муҳими соҳибихтиёрии давлатӣ ва нақши Конститутсияро дар таҳкими асосҳои ҳуқуқии давлатдорӣ мавриди баррасӣ қарор дод.
Ҳамчунин дар мавзуъҳои «Нақши Конститутсия дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд» ва «Конститутсия — заминаи бунёди низоми давлатдории муосир» маърузаҳо пешниҳод гардиданд.
Иштирокдорон доир ба аҳамияти Конститутсия дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ибрози андеша намуданд.
Таъкид гардид, ки эҳтиром ва риояи Конститутсия, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва дарки масъулияти шаҳрвандӣ вазифаи муқаддаси ҳар сокини ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, омӯзиши амиқи мазмуну муҳтавои он дар тарбияи насли ҷавони ватандӯст нақши муҳим дорад.
АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав