Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 31.10.2026. /АМИТ «Ховар»/. Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун ба дарозии 70 километр навсозӣ мешавад. Роҳи мазкур аз ду хати ҳаракат дар ду самт иборат буда, паҳноии қисми ҳаракат 10–12 метр ва паҳноии канори он 2,5 метрро ташкил хоҳад дод, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар доираи татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун, инчунин бунёди роҳҳои пиёдагард ба дарозии умумии 16 ҳазору 600 метр, насби 1850 аломати роҳ, 1500 метр панҷараҳои муҳофизатии парапетӣ ва иҷрои корҳои дигари муҳандисиву инфрасохторӣ пешбинӣ шудааст.

Тибқи иттилои масълин, роҳи мошингарди Ваҳдат–Роғун бо ҳама инфрасохтори зарурӣ дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад.

Барқарорсозии роҳи мазкур ба таъмини ҳаракати мунтазами нақлиёт дар тамоми фаслҳои сол, сарфаи вақт ва сӯзишворӣ ҳангоми интиқоли молу маҳсулот ва фароҳам овардани ҷойҳои корӣ мусоидат менамояд.

Ёдовар мешавем, ки 24 октябри соли равон зимни сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун санги асос гузоштанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Источник: АМИТ "Ховар"