Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 03.10.2026 /МИТ «Ховар»/.  Дар доираи Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 дар шаҳри Душанбе Форуми стартапҳои  давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба

ДУШАНБЕ, 03.10.2026 /МИТ «Ховар»/.   Дар доираи Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 дар шаҳри Душанбе Форуми стартапҳои  давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Форум  намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ширкатҳои технологӣ, стартапҳо ва сармоягузоронро ҷамъ овард. Иштирокдорони форум масъалаҳои дастгирии стартапҳо, ҷалби сармоя, ҳамкории давлат, бахши хусусӣ ва воридшавӣ ба бозорҳои навро баррасӣ намуданд.

Инчунин стартапҳои кишварҳои аъзо лоиҳаҳо ва роҳҳалҳои технологии худро ба сармоягузорон ва шарикони эҳтимолӣ муаррифӣ карданд.

Ҳадафи форум аз таҳкими ҳамкории минтақавӣ ва фароҳам овардани имконияти нави рушди соҳибкории инноватсионӣ иборат буд.

АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"