Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 29.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Игор Суров дар доираи ҷамъомади таълимию тамринӣ дар шаҳри Давҳа бо ҳамсолони худ аз Қатар бозии дуюми дӯстонаро анҷом дод.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, вохӯрӣ бо ҳисоби мусовии 0:0 ба анҷом расид. Қаблан, дар бозии аввали дӯстона футболбозони мо бар мунтахаби Қатар бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда буданд.

Рақобатҳои дӯстона бо мунтахаби Қатар яке аз марҳилаҳои омодагии дастаи наврасони Тоҷикистон ба Ҷоми ҷаҳон-2026 ба шумор мераванд. Ин мусобиқа аз 19 ноябр то 13 декабр дар шаҳри Давҳаи Қатар баргузор мешавад.

Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон-2026 мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «F» бо тимҳои Куба (20 ноябр), Хорватия (23 ноябр) ва Сенегал (26 ноябр) нерӯ месанҷад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"