Дар Русия аз соли 2027 назорати даромади муҳоҷирони меҳнатӣ пурзӯр карда мешавад

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 23.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 январи соли 2027 дар Федератсияи Русия қоидаҳои нави назорати даромади шаҳрвандони хориҷӣ мавриди амал қарор мегиранд. Тибқи талаботи нав, набудани маълумот дар бораи даромади расмӣ ё нокифоя будани ҳаҷми он метавонад боиси рад шудани додан, тамдид накардан ё бекор гардидани патент ва иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ гардад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират хабар доданд, ин тағйирот дар асоси Қонуни федералии Федератсияи Русия аз 26 июли соли 2026 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни федералӣ оид ба вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия» амалӣ карда мешаванд.

Механизми нави назорат марҳила ба марҳила амалӣ гардида, аз 1 октябри соли 2026 мақомоти андози Русия ирсоли маълумотро оид ба даромади шаҳрвандони хориҷӣ дар асоси ҳисоботи пардохтҳои суғуртавӣ барои давраҳои 3, 6, 9 ва 12 моҳи соли тақвимӣ ба Вазорати корҳои дохилии ин давлат оғоз намуданд.

Ҳамчунин аз 25 октябри соли 2026 Фонди нафақа ва суғуртаи иҷтимоии Русия тавассути низоми электронии байниидоравӣ пешниҳоди маълумотро оид ба фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ ба мақомоти корҳои дохилӣ шуруъ кард.

Аз 1 январи соли 2027 меъёрҳои нав оид ба рад намудани додан, тамдид ва бекор кардани патент ё иҷозатномаи кор бинобар набудани маълумот дар бораи даромад ё нокифоя будани он эътибор пайдо мекунанд.

Асосҳои нави марбут ба набудани маълумот дар бораи даромад ё нокифоя будани ҳаҷми он ҳангоми бори аввал гирифтани патент ё иҷозатномаи кор татбиқ намегарданд. Барои шаҳрвандони хориҷие, ки танҳо дар назди шахсони воқеӣ ба иҷрои корҳои шахсӣ ва хонаводагӣ машғул мебошанд, низ тартиби махсус пешбинӣ шудааст.

Ин тағйирот ба тақвияти назорати давлатӣ аз болои фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия равона гардидааст. Дар ин замина ба таври расмӣ ба роҳ мондани муносибатҳои меҳнатӣ, пешниҳоди саривақтӣ ва дурусти ҳисобот аз ҷониби корфармоён, инчунин риояи талаботи қонунгузории амалкунанда аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ аҳамияти бештар пайдо менамояд.

Дар робита ба ин намояндагӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Русия фаъолияти меҳнатӣ доранд, тавсия медиҳад, ки ба расмӣ будани муносибатҳои меҳнатӣ, дурустии пешниҳоди ҳисобот аз ҷониби корфармо ва риояи талаботи қонунгузории Русия таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намоянд.

АКС: Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират

Источник: АМИТ "Ховар"