Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи соҳибкорзанони фаъол ба 110 ҳазор нафар расид

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 14.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи соҳибкорзанони фаъол ба 110 ҳазор нафар расида, 28 фоизи субъектҳои хоҷагидорро ташкил медиҳад. Ин матлабро имрӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар

ДУШАНБЕ, 14.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи соҳибкорзанони фаъол ба 110 ҳазор нафар расида, 28 фоизи субъектҳои хоҷагидорро ташкил медиҳад. Ин матлабро имрӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони мамлакат баён намуданд.

Сарвари давлат изҳор доштанд, ки дар нуҳ моҳи соли равон ба занони соҳибкор 7,2 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025    29 фоиз зиёд мебошад.

«Маблағгузорӣ барои дастгирии соҳибкории занон бояд, пеш аз ҳама, ба лоиҳаҳое равона карда шавад, ки фаъолияти устувор, ҷойи кор ва даромади воқеӣ ба вуҷуд меоранд. Занону ҷавонони соҳибкор дар баробари маблағ ба дониш, машварат, технология ва дастрасӣ ба бозор ниёз доранд», -иброз намуданд Президенти мамлакат.

Таъкид гардид, ки муассисаҳои дастгирии соҳибкорӣ, донишгоҳҳо ва марказҳои касбомӯзӣ бояд омӯзиши таҳияи нақшаи тиҷоратӣ, баҳисобгирии молиявӣ, савдои электронӣ ва идоракунии истеҳсолотро васеъ намуда, ин равандро бо таҷрибаомӯзӣ дар корхонаҳо пайваст намоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Источник: АМИТ "Ховар"