Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 19.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 18 октябр дар шаҳри Бағдоди Ҷумҳурии Ироқ ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идибек Қаландар дар нишасти 52-юми Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Идибек Қаландар дар ҳамоиши мазкур мавқеи Тоҷикистонро оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи нишаст муаррифӣ намуд ва аз кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ барои ҳамкорӣ дар татбиқи муштараки ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об, муҳити зист ва таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда даъват намуд.
Инчунин дар доираи нишаст муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идибек Қаландар бо муовини Вазири корҳои хориҷии Салтанати Умон оид ба масъалаҳои сиёсӣ Шайх Халифа Ал-Ҳарисӣ мулоқот анҷом дод.
Зимни вохӯрӣ ҳолат ва дурнамои муносибатҳои ду мамлакат, инчунин ҳамкорӣ дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон