ИСТИҚЛОЛ ВА АДОЛАТИ СУДӢ: Нақши Пешвои миллат дар таҳкими ҳокимияти судӣ ва волоияти конститутсия
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 25.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Адолат яке аз арзишҳои бунёдии ҷомеаи инсонӣ ва муҳимтарин шарти пойдории давлатдории ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад. Эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон, баробарии шаҳрвандон дар назди қонун ва таъмини ҳимояи боэътимоди судӣ на танҳо нишондиҳандаи сатҳи рушди низоми ҳуқуқӣ, балки омили муҳими таҳкими эътимоди ҷомеа ба давлат ва ниҳодҳои он мебошад. Маҳз дар шароите, ки қонун волоият дорад ва ҳуқуқи ҳар инсон таҳти ҳимояи воқеӣ қарор мегирад, адолат ба арзиши амалии ҳаёти ҷамъиятӣ табдил меёбад. Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти судӣ, ки 26 октябр муқаррар гардидааст, мақолаи корманди Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Саидзода ба унвони АМИТ «Ховар» ворид шудааст. Мақолаи мазкурро пешкаши хонандагон мегардонем.
— Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ташаккул ва рушди ҳокимияти судӣ бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва бунёди асосҳои ҳуқуқии давлати соҳибихтиёр робитаи ногусастанӣ дорад. Истиқлол барои миллати тоҷик имконият фароҳам овард, ки низоми мустақили ҳуқуқии худро ташаккул диҳад, ниҳодҳои давлатдориро дар заминаи арзишҳои миллӣ ва меъёрҳои эътирофшудаи ҳуқуқӣ такмил бахшад ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсонро ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил диҳад.
Дар ин раванд ҳокимияти судӣ ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ мақоми махсус пайдо намуда, барои таъмини қонуният, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва таҳкими пояҳои давлати ҳуқуқбунёд заминаҳои зарурии конститутсионӣ ва ташкилӣ фароҳам оварда шуданд.
Таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дод, ки роҳи тайкардаи давлат ва ҷомеа дар ин самт мавриди арзёбии амиқ қарор гирифта, дастовардҳо, таҷрибаи андӯхташуда ва вазифаҳои минбаъдаи рушди низоми судию ҳуқуқӣ муайян карда шаванд. Дар ин замина, нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории конститутсионӣ, таҳкими қонуният ва роҳандозии ислоҳоти пайдарпайи судию ҳуқуқӣ дорои аҳамияти махсус мебошад.
Истиқлол ва ташаккули асосҳои конститутсионии ҳокимияти судӣ
Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои Тоҷикистон давраи мураккаби сиёсӣ ва иҷтимоӣ буданд. Дар чунин шароит вазифаи аввалиндараҷа ҳифзи давлатдории миллӣ, барқарорсозии сулҳу субот, таъмини фаъолияти муназзами мақомоти давлатӣ ва фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқии рушди минбаъдаи кишвар ба ҳисоб мерафт.
Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 баргузор гардид, дар таърихи давлатдории навини кишвар марҳилаи муҳим ба шумор меравад. Ин рӯйдод барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ, барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва муайян намудани самтҳои минбаъдаи рушди давлат заминаи муҳим фароҳам овард.
Дар чунин вазъ ташаккули ҳокимияти судӣ низ аҳамияти аввалиндараҷа дошт.
Зеро фаъолияти самараноки судҳо дар алоҳидагӣ аз вазъи умумии давлат ва ҷомеа сурат гирифта наметавонад. Таъмини қонуният, иҷрои санадҳои судӣ, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ва баррасии одилонаи баҳсҳо пеш аз ҳама суботи сиёсӣ, фаъолияти муназзами ниҳодҳои давлатӣ ва мавҷудияти заминаҳои устувори ҳуқуқиро тақозо менамояд.
Қадами сарнавиштсоз дар роҳи ташаккули низоми ҳуқуқии Тоҷикистони соҳибистиқлол қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 гардид. Ин санади олии ҳуқуқӣ асосҳои сохтори конститутсионии давлат, ҳуқуқу озодиҳо ва уҳдадориҳои инсон ва шаҳрванд, низоми мақомоти давлатӣ ва принсипҳои асосии фаъолияти онҳоро муайян намуд.
Конститутсия Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон намуда, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф кард. Дар моддаи 9 принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ муқаррар гардида, дар моддаи 84 мустақилияти ҳокимияти судӣ ва вазифаҳои асосии он дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлату ташкилотҳо, қонуният ва адолат муайян карда шудаанд.
Муқаррароти мазкур барои рушди низоми муосири давлатдорӣ аҳамияти бунёдӣ доранд. Зеро таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ва мустақилияти ҳокимияти судӣ аз ҷумлаи кафолатҳои муҳими пешгирии худсарӣ, таъмини тавозуни ваколатҳои давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошанд.
Дар ин замина, саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ташаккули асосҳои давлатдории конститутсионӣ, таъмини суботи сиёсӣ ва фароҳам овардани шароити рушди ниҳодҳои ҳуқуқӣ метавон яке аз омилҳои муҳими пешрафти низоми судию ҳуқуқии кишвар арзёбӣ намуд.
Ислоҳоти судию ҳуқуқӣ — омили таҳкими қонуният ва адолат
Мустақилияти ҳокимияти судӣ танҳо бо муқаррар намудани он дар Конститутсия таъмин намегардад. Барои татбиқи воқеии ин принсип такмили қонунгузорӣ, муайян намудани ваколатҳои мақомоти судӣ, баланд бардоштани сатҳи касбият, фароҳам овардани шароити муносиби фаъолият ва таҳкими кафолатҳои мурофиавии ҳифзи ҳуқуқ зарур мебошад.
Бо дарназардошти ин талабот, ислоҳоти судию ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати ҳуқуқии давлат табдил ёфт. Дар ин раванд Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 20 апрели соли 2006 ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2007, №271, ки бо он Барномаи ислоҳоти судию ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид, аҳамияти махсус доштанд.
Татбиқи барнома барои такмили заминаҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияти мақомоти судӣ, рушди қонунгузории мурофиавӣ ва беҳтар намудани шароити таъмини адолати судӣ мусоидат намуд.
Минбаъд низ ин раванд дар доираи барномаҳои пайдарпайи ислоҳоти судию ҳуқуқӣ идома ёфт. Аз ҷумла, барномаҳо барои солҳои 2011–2013, 2015–2017 ва 2019–2021 марҳилаҳои муҳими идомаи ислоҳот ба ҳисоб мераванд.
Мазмуни асосии ин тадбирҳо аз он иборат буд, ки фаъолияти мақомоти судӣ мутобиқ ба талаботи рушди ҷомеа ва зарурати ҳифзи самараноки ҳуқуқу озодиҳои инсон такмил дода шавад. Дар баробари такмили қонунгузорӣ, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи тахассусии кадрҳо, беҳтар намудани шароити кории судҳо, рушди механизмҳои мурофиавӣ ва баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
Аҳамияти ислоҳоти судию ҳуқуқӣ пеш аз ҳама дар он ифода меёбад, ки он раванди пайвастаи такмили низоми ҳуқуқӣ ва фаъолияти мақомоти судиро фаро гирифта, барои бартараф намудани мушкилоти мавҷуда ва мутобиқ сохтани фаъолияти онҳо ба талаботи замон замина фароҳам меорад.
Дар баробари ин, бояд таъкид намуд, ки натиҷаи ниҳоии ислоҳот на танҳо аз шумораи санадҳои қабулшуда ё тағйироти сохторӣ, балки аз таъсири воқеии онҳо ба ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон муайян карда мешавад. Маҳз дастрасӣ ба ҳимояи судӣ, баррасии беғаразонаи парвандаҳо, асоснокии санадҳои судӣ ва эҳтиром ба ҳуқуқҳои иштирокчиёни мурофиа меъёрҳои муҳимми арзёбии самаранокии низоми судӣ мебошанд.
Суди конститутсионӣ — кафили волоияти Конститутсия
Дар низоми ҳуқуқии давлати соҳибистиқлол Суди конститутсионӣ ҳамчун мақоми махсуси назорати конститутсионӣ ҷойгоҳи хос дорад. Вазифаи асосии он ҳифзи волоияти Конститутсия ва таъмини мутобиқати санадҳои ҳуқуқӣ ба меъёрҳои санади олии ҳуқуқии кишвар дар доираи салоҳияти муқаррарнамудаи Конститутсия ва қонунгузорӣ мебошад.
Мувофиқи моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсия мебошанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд. Ин принсип мазмуни амиқи ҳуқуқӣ дошта, маънои онро дорад, ки тамоми фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва татбиқи ҳуқуқ бояд ба талаботи Конститутсия мутобиқ бошад.
Таъсиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз марҳилаҳои муҳими ташаккули низоми мустақили ҳуқуқии мамлакат ба ҳисоб меравад. Пас аз қабули Конститутсияи соли 1994 барои таъсиси ин ниҳоди муҳими давлатӣ заминаҳои зарурии ташкилию ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуданд.
7 апрели соли 1995 Раис ва муовини Раиси Суди конститутсионӣ интихоб гардида, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 1995, №238, масъалаҳои ташкили фаъолияти он танзим карда шуданд. 3 ноябри соли 1995 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид ва 26 марти соли 1996 нахустин мурофиаи судии ин мақом баргузор шуд.
Ин марҳилаҳо дар таърихи давлатдории миллӣ аз ташаккули механизми махсуси ҳифзи волоияти Конститутсия шаҳодат медиҳанд.
Аҳамияти таъсиси Суди конститутсионӣ дар он зоҳир мешавад, ки барои таъмини бартарии Конститутсия дар низоми ҳуқуқии кишвар ниҳоди махсуси дорои салоҳияти конститутсионӣ таъсис ёфт. Фаъолияти чунин мақом барои пешгирии амалишавии санадҳои хилофи Конститутсия, ҳифзи принсипҳои сохтори конститутсионӣ ва таъмини мутобиқати санадҳои ҳуқуқӣ ба талаботи санади олии ҳуқуқӣ аҳамияти муҳим дорад.
Нахустин қарори Суди конститутсионӣ, ки 26 марти соли 1996 қабул гардид, намунаи равшани аҳамияти амалии ин ниҳод мебошад. Дар ин қарор Фармони Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 ноябри соли 1993, ки шикоят карданро аз болои асоснокии ҳабс ё дароз намудани муҳлати нигоҳдорӣ дар ҳабс ба суд маҳдуд мекард, ғайриконститутсионӣ дониста шуда, беэътибор эътироф гардид.
Ин иқдом барои ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ва таҳкими кафолатҳои муроҷиат ба суд аҳамияти муҳим дошт. Он ҳамчунин нишон дод, ки назорати конститутсионӣ на танҳо воситаи ҳифзи сохтори давлатӣ, балки механизми муҳими ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти Суди конститутсионӣ низ такмил ёфтанд. Қабули Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав аз 26 июли соли 2014 яке аз марҳилаҳои муҳими рушди қонунгузории соҳавӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳамаи ин равандҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҳифзи волоияти Конститутсия дар низоми давлатдории Тоҷикистон аҳамияти доимӣ дошта, фаъолияти Суди конститутсионӣ дар таҳкими қонунияти конститутсионӣ ва рушди фарҳанги эҳтиром ба Конститутсия нақши муҳим мебозад.
Дар ин замина, нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фароҳам овардани заминаҳои ташкилию ҳуқуқии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва пешбурди сиёсати ислоҳоти судию ҳуқуқӣ аҳамияти хос дорад.
Адолати судӣ ва эътимоди шаҳрвандон
Моҳияти адолати судӣ дар ниҳоят на танҳо дар муқаррароти қонунҳо, балки дар натиҷаи татбиқи онҳо ва муносибати воқеии мақомоти судӣ бо шаҳрвандон таҷассум меёбад.
Шаҳрванде, ки барои ҳифзи ҳуқуқи худ ба суд муроҷиат менамояд, пеш аз ҳама интизори баррасии беғаразона, риояи талаботи қонун, таъмини ҳуқуқҳои мурофиавӣ ва қабули санади судии асоснок мебошад. Аз ин рӯ, эътимоди ҷомеа ба ҳокимияти судӣ дар заминаи фаъолияти ҳаррӯзаи касбӣ, муносибати масъулона ба муроҷиатҳо ва риояи қатъии талаботи қонун ташаккул меёбад.
Мустақилияти судя, поквиҷдонӣ, беғаразӣ ва масъулияти касбӣ шартҳои муҳимми таъмини адолати судӣ мебошанд. Дар баробари ин, сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ низ дар рушди муносибатҳои ҳуқуқӣ ва истифодаи дурусти механизмҳои ҳифзи ҳуқуқ аҳамияти калон дорад.
Дар ин робита, эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми муҳим дар самти баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии аҳолӣ ва таҳкими эҳтиром ба қонун ба шумор меравад.
Маърифати ҳуқуқӣ ба шаҳрванд имкон медиҳад, ки ҳуқуқу уҳдадориҳои худро дуруст дарк намояд, аз воситаҳои қонунии ҳифзи ҳуқуқ истифода барад ва дар муносибатҳои ҷамъиятӣ масъулиятшиносона амал кунад. Ҳамзамон, фаъолияти босифат ва шаффофи мақомоти судӣ барои таҳкими фарҳанги ҳуқуқӣ ва боло рафтани эътимоди ҷомеа ба низоми ҳуқуқӣ мусоидат менамояд.
Бинобар ин, таҳкими адолати судӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон бояд ҳамчун равандҳои ба ҳам алоқаманд арзёбӣ шаванд. Ҳар қадаре ки шаҳрванд ҳуқуқҳои худро хубтар донад ва имкониятҳои қонунии ҳифзи онҳоро дуруст истифода барад, ҳамон андоза муносибатҳои ҳуқуқӣ дар ҷомеа устувортар мегарданд.
Самтҳои афзалиятноки рушди минбаъдаи ҳокимияти судӣ
Таҷрибаи 35 соли Истиқлоли давлатӣ нишон медиҳад, ки рушди низоми судию ҳуқуқӣ раванди доимӣ буда, ба тағйироти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва технологӣ мутобиқсозии пайвастаро талаб менамояд.
Дар шароити муосир рақамикунонии фаъолияти мақомоти судӣ, такмили низоми иттилоотӣ, баланд бардоштани дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти ҳуқуқӣ, омодасозии кадрҳои соҳибихтисос ва истифодаи технологияҳои муосир аҳамияти бештар пайдо мекунанд.
Истифодаи имкониятҳои рақамӣ метавонад ба содагардонии равандҳои ташкилӣ, беҳтар намудани гардиши ҳуҷҷатҳо ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти судӣ мусоидат намояд. Бо вуҷуди ин, татбиқи технологияҳои нав бояд бо риояи талаботи қонун, ҳифзи маълумоти дахлдор, таъмини амнияти иттилоотӣ ва кафолатҳои ҳуқуқи инсон ҳамоҳанг бошад.
Дар баробари навсозии техникӣ, баланд бардоштани сатҳи касбият ва фарҳанги ҳуқуқии кормандони мақомоти судӣ низ аҳамияти аввалиндараҷа дорад.
Зеро самаранокии фаъолияти судӣ пеш аз ҳама аз дониш, таҷриба, масъулиятшиносӣ ва риояи меъёрҳои ахлоқи касбӣ вобаста мебошад.
Дар ин замина, масъалаи таҳияи Барномаи рушди ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027–2030 метавонад ҳамчун самти муҳими идомаи ислоҳоти судию ҳуқуқӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирад. Ҳангоми таҳия ва татбиқи чунин барнома зарур аст, ки таҷрибаи марҳилаҳои қаблӣ ба назар гирифта шуда, вазифаҳои минбаъда дар асоси талаботи воқеии фаъолияти мақомоти судӣ муайян карда шаванд.
Ҳадафи асосӣ бояд таҳкими минбаъдаи кафолатҳои конститутсионии мустақилияти ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани сифати фаъолияти касбӣ, рушди имкониятҳои ташкиливу технологӣ ва таъмини ҳифзи самараноки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бошад.
35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи муҳими ташаккул ва рушди давлатдории миллӣ, низоми ҳуқуқии мустақил ва ниҳодҳои конститутсиониро фаро мегирад. Дар ин давра асосҳои ҳуқуқии фаъолияти ҳокимияти судӣ ташаккул ёфта, барои такмили қонунгузорӣ, рушди назорати конститутсионӣ ва татбиқи барномаҳои пайдарпайи ислоҳоти судию ҳуқуқӣ заминаҳои зарурӣ фароҳам оварда шуданд.
Дар ин раванди таърихӣ нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории конститутсионӣ, фароҳам овардани шароити сулҳу субот ва пешбурди ислоҳоти судию ҳуқуқӣ мавқеи муҳим дорад. Таваҷҷуҳи пайваста ба такмили заминаҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияти мақомоти судӣ барои рушди минбаъдаи ин шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ мусоидат намудааст.
Ҳамзамон, таҷрибаи андӯхташуда нишон медиҳад, ки ҳифзи қонуният ва таъмини адолати судӣ вазифаҳои доимӣ буда, иҷрои онҳо касбияти баланд, масъулиятшиносӣ ва эҳтироми қатъӣ ба Конститутсияро талаб менамояд.
Барои кормандони Суди конститутсионӣ ин масъулият мазмуни махсус дорад. Зеро ҳифзи волоияти Конститутсия, таҳкими қонунияти конститутсионӣ ва таъмини мутобиқати санадҳои ҳуқуқӣ ба санади олии ҳуқуқии давлат аз самтҳои муҳимми фаъолияти ин ниҳод ба ҳисоб мераванд.
Рӯзи кормандони мақомоти судӣ, ки ҳамасола 26 октябр таҷлил мегардад, на танҳо санаи арҷгузорӣ ба заҳмати намояндагони ин соҳа, балки фурсати муносиб барои андешидан дар бораи масъулияти касбӣ, аҳамияти қонуният ва рисолати адолати судӣ мебошад.
Дар соли таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ вазифаи ҳар як корманди мақомоти судӣ аз он иборат аст, ки бо дониши амиқи касбӣ, садоқат ба қонун ва иҷрои софдилонаи уҳдадориҳои хизматӣ дар таҳкими давлатдории ҳуқуқбунёд саҳм гузорад.
Зеро Истиқлол танҳо соҳибихтиёрии сиёсӣ ва ҳуқуқи мустақилона муайян намудани роҳи рушди давлат нест. Истиқлол ҳамзамон масъулияти бузург барои бунёди ҷомеаест, ки дар он Конститутсия арзиши олии ҳуқуқӣ дошта, ҳуқуқу озодиҳои инсон эҳтиром карда мешаванд ва ҳар шаҳрванд метавонад ба ҳимояи одилонаи ҳуқуқҳои худ умед бандад.
Маҳз дар ҳамин пайванди ногусастании Истиқлол, волоияти Конститутсия ва адолати судӣ мазмуни аслии давлатдории ҳуқуқбунёд ва рисолати баланди мақомоти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассум меёбад.