Густариши робитаҳои мустақими соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид

АМИТ "Ховар" · · g1221874

Густариши робитаҳои мустақими соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид

ДУШАНБЕ, 24.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 23 сентябр дар шаҳри Душанбе вохӯрии роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарияти Вазорати саноат, маъдан ва тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Эрон

ДУШАНБЕ, 24.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 23 сентябр дар шаҳри Душанбе вохӯрии роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарияти Вазорати саноат, маъдан ва тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ хабар медиҳад, дар вохӯрӣ имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид. Ҷонибҳо самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ, ҷалби сармоя ва имконияти татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузориро баррасӣ намуданд.

Таваҷҷуҳи махсус ба густариши робитаҳои мустақими соҳибкорӣ, истифодаи имконоти мавҷуда ва ба роҳ мондани ташаббусҳои муштарак равона гардид.

Мусоҳибон барои идомаи муколама ва тақвияти ҳамкории мутақобили судманд дар самти сармоягузорӣ изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"