Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 11.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 11 ноябр Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори навтаъйини Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Александр Худолеев мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот таъкид карда шуд, ки муносибатҳо байни ду давлат таҳти роҳбарии Сарони давлатҳо пайваста рушд ёфта, ба манфиати халқҳо хизмат мекунанд.
Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои мубодилаи саривақтии иттилоот ва таҷрибаи пешқадам, инчунин муборизаи муштарак бар зидди ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва киберҷинояткорӣ зоҳир карда шуд.
Ҷонибҳо барои густариши минбаъдаи муколамаи созанда ва таҳкими робитaҳои мустақим байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду давлат бо мақсади таъмини амният ва волоияти қонун изҳори омодагӣ карданд.
АКС: Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон