Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 28.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфта, соли 2025 ба 3 миллиард сомонӣ расидааст. Соли 1991 аҳолии вилоят ҳамагӣ
ДУШАНБЕ, 28.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфта, соли 2025 ба 3 миллиард сомонӣ расидааст. Соли 1991 аҳолии вилоят ҳамагӣ 172 ҳазор нафар буд, вале имрӯз ин шумора ба беш аз 236 ҳазор нафар расида, нисбат ба давраи оғози соҳибистиқлолӣ 64 ҳазор нафар зиёд мебошад. Чунин иброз намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилоят.
Сарвари давлат изҳор доштанд, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ дар вилоят беш аз 120 ҳазор ҷойи нави кор таъсис дода шуда, 27 ҳазор шаҳрванд ба таври ройгон касбу ҳунар омӯхтаанд, ки зиёда аз 60 фоизи онҳо занон мебошанд.
Роҳбарияти вилоят, шаҳру ноҳияҳои он ва вазорату идораҳои дахлдор вазифадор гардиданд, ки бо истифодаи самараноки имконоти мавҷуда ва таъмин намудани рушди бахши хусусӣ суръати пешрафти иқтисодиётро боз ҳам тақвият бахшанд. Ҳамчунин ба таъсиси ҷойи кор, афзоиши даромад ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ эътибори аввалиндараҷа диҳанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ барои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят аз ҳама манбаъҳои маблағгузорӣ беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст. Аз ҷумла, танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ 9,3 миллиард сомонӣ ҷудо карда шуда, маблағгузории талаботи иҷтимоиву иқтисодии вилоят мунтазам таъмин гардида истодааст.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон