Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд

АМИТ "Ховар" · · g1221874

Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ…

ДУШАНБЕ, 27.10.2026 /АМИТ «Ховар»/ . Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва муовини якуми Сарвазири Қазоқистон Нурлибек Налибаев бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳар ду кишвар ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ доир гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Дар ҷаласа иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 ҳаҷми гардиши савдои мутақобила байни Тоҷикистон ва Қазоқистон 1,2 миллиард доллари амрикоиро ташкил дода, дар нуҳ моҳи соли 2026 гардиши савдои хориҷӣ байни ду кишвар ба 1,13 миллиард доллари амрикоӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 230,9 миллион доллар ё 25,6 фоиз афзоиш ёфтааст.

Ҳамчунин дар ҷаласа таъкид гардид, ки бо сиёсати созанда ва талошҳои пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосимҷомарт Тоқаев муносибатҳои дуҷониба дар рӯҳияи дӯстӣ, эътимоди мутақобила ва эҳтироми ҳамдигар пайваста рушд намуда, барои таҳкими шарикии стратегӣ ва густариши ҳамкории иқтисодию сармоягузорӣ заминаи мусоид фароҳам овардаанд.

Дар ҷаласа вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, саноат, нақлиёт ва логистика, энергетика, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, илм, фарҳанг, сайёҳӣ ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ гардиданд.

Гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Қазоқистон яке аз се шарики асосии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар соли 2025 ҳаҷми умумии сармоягузории воридшуда аз Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 133,8 миллион доллари амрикоӣ, аз ҷумла сармоягузории мустақим 14,4 миллион доллари амрикоиро ташкил дод.

Дар ин замина ҷонибҳо зарурати андешидани тадбирҳои муштаракро ҷиҳати фаъолгардонии ҳамкории сармоягузорӣ, ҷалби сармояи мустақим, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, энергетика ва нақлиёту логистикаро таъкид намуданд.

Инчунин дар ҷаласа таваҷҷуҳи махсус ба бартараф намудани монеаҳои тиҷоратӣ, содагардонии расмиёти гумрукӣ, бойторӣ ва фитосанитарӣ, рушди ҳамлу нақли байналмилалӣ, истифодаи имкониятҳои транзитӣ, густариши ҳамкории энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ равона гардид.

Ҳамзамон ҷонибҳо барои таҳкими робитаҳои мустақими соҳибкорон, рушди ҳамкории байниминтақавӣ, истифодаи имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ, пешбурди иқтисоди рақамӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштараки сармоягузорӣ изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Дар доираи ҷаласа раванди иҷрои қарорҳои ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, намояндагони мақомоти масъули ҳар ду давлат оид ба натиҷаҳои корҳои анҷомдодашуда маълумот пешниҳод намуданд. Аз ҷумла, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода оид ба рафти иҷрои қарорҳои қаблан қабулгардида ва масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкории иқтисодию сармоягузории ду кишвар сухан намуд.

Дар анҷоми ҷаласа ҷонибҳо Протоколи ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодиро ба имзо расониданд. Ин санад натиҷаҳои музокирот ва тавофуқоти бадастомадаро дар бар гирифта, вазифаҳои мушаххаси вазорату идораҳои марбутаи ҳар ду кишварро барои рушди минбаъдаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ муайян менамояд.

Ҳамзамон ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати татбиқи амалии тавофуқоти бадастомада, афзоиши гардиши савдои мутақобила, пешбурди лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ ва таҳкими минбаъдаи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон изҳор намуданд.

Марзия САИДЗОДА, АМИТ «Ховар»,

АКС: АМИТ «Ховар»

Источник: АМИТ "Ховар"