ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 октябр, душанбе, 278-умин рӯзи соли 2026 аст
АМИТ "Ховар" · · g1221874
5 октябри соли 2011 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони калонтарин масҷид дар шаҳри Душанбе расман ифтитоҳ гардид. *** 9 сол пеш, 5 октябри соли 2012 Президенти
5 октябри соли 2011 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони калонтарин масҷид дар шаҳри Душанбе расман ифтитоҳ гардид.
***
9 сол пеш, 5 октябри соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин аз қароргоҳи Пойгоҳи низомии 201-и Федератсияи Русия боздид намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 дар шаҳри Кӯлоб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми ифтитоҳи Маҷмааи Нишон ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2022 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо ордени «Барои хизмат дар назди Ватан», дараҷаи III мукофотонид.
***
Дар ин рӯзи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо корҳои анҷомёфта дар ободонию навсозии хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт ва пули мошингард дар болои дарёи Душанбе шинос шуданд.
5 ОКТЯБР:
Рӯзи байналмилалии табибон.
***
Рӯзи байналмилалии кормандони кофтукови ҷиноӣ.
***
Рӯзи ҷаҳонии меъмор.
***
Рӯзи умумиҷаҳонии муаллим.
***
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ.
***
Дар Португалия рӯзи ташкилшавии ҷумҳурӣ.
РӮЙДОДҲО:
5 октябри соли 1502 Христофор Колумб Косто-Рикаро кашф намуд.
***
5 октябри соли 1963 дар Тоҷикистон Ҳафтаи фарҳанги Қазоқистон оғоз гардид.
***
26 сол қабл, 5 октябри соли 2000 олимон муайян карданд, ки бо гузашти 14 сол аз садамаи Чернобил ва радиатсияи бавуҷудомада ҳанӯз ҳам дар растаниҳои ҳудуди зарардидаи Украина раванди аз меъёр зиёди мутатсияи генӣ (дигаргуншавӣ ва ё вайроншавии хромосомаҳо ва генҳо) ба назар мерасад.
***
5 октябри соли 2023 дар Ҷумҳурии Беларус Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус баргузор гардид. Дар он ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Беларус ва омӯзгорону кормандони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Беларус иштирок намуданд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1864 аз таъсири тундбод дар Калкутта беш аз 300 киштӣ нобуд ва тақрибан 80 ҳазор нафар одамон ҳалок шуданд.
***
Соли 2004 Тоҷикистон ба Интерпол пайваст.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД :
Мансур Муллоев (1923 – 1997) – доктори илми ҳуқуқ, профессор, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ.
***
Фурқати Саид (1967) – сароянда, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.
***
Саидқул Билолов (1953) – сароянда, оҳангсоз, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.