Ҷавонони ноҳияи Деваштичро ба хизмати ҳарбӣ гусел карданд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 02.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 1 октябр дар Боғи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич маросими гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти

ДУШАНБЕ, 02.10.2026 /АМИТ «Ховар»/ . 1 октябр дар Боғи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич маросими гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич.

Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода иброз дошт, ки имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шоҳсутуни давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба сохтори бонизоми муосир ва боэътимод табдил ёфтааст. Маҳз бо шарофати садоқату ҷасорати касбӣ, фидокориву ҷоннисорӣ ва хизматҳои шабонарӯзии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ва хизматчиёни дигари мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат имрӯз дар ҷомеаи мо сулҳу субот пойдор гардида, сокинони ҷумҳурӣ зиндагии осоишта доранд.

Таъкид гардид, ки ҳимояи Ватан, манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва тақвияти иқтидори мудофиавӣ вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд маҳсуб мешавад. Хизмати ҳарбӣ на танҳо қарзи фарзандӣ, балки мактаби мардонагӣ ва ватандӯстӣ барои ҳар ҷавонмарди баору номус мебошад.

Президенти Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавононро яке аз рукнҳои аввалиндараҷаи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шуморида, таъкид медоранд, ки саҳми ҷавонон дар ҳифзи Ватан шоистаи таҳсин мебошад. Онҳо дар тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ содиқона хизмат карда, дар ҳимояи сарҳади давлатӣ низ нақши бузург мебозанд.

Насли ҷавон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат хизмат намуда, муҳимтарин мактаби обутоби ҳаётро паси сар мекунад. Маҳз, дар ҳамин ҷо ҷавонписарон дарси шуҷоату мардонагӣ ва муҳофизат кардани хоки поки Ватанро меомӯзанд.

Иброз гардид, ки дар шароити имрӯза барои будубоши хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи мамлакат шароити хуби хизматӣ ва маишӣ ҳамаҷониба фароҳам оварда шудааст.

Дар чорабинӣ ба ҷавонон аз ҷониби шуъбаи Муассисаи давлатии «Мададгори мудофиаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич

Источник: АМИТ "Ховар"