ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар шаҳри Гулистон нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро шуд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 01.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Гулистон нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар рӯзи якум пурра иҷро гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти
ДУШАНБЕ, 01.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Гулистон нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар рӯзи якум пурра иҷро гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон иттилоъ доданд.
Бо мақсади амалигардонии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2026 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» ва қарори дахлдори раиси вилояти Суғд бархе тадбирҳо амалӣ карда шуданд.
Маҳз самараи фаъолияти шоистаи масъулини ситоди шаҳрӣ, кормандони комиссариати ҳарбӣ, раисони ҷамоату шаҳракҳо ва кумаки падару модарон буд, ки шаҳри Гулистон нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзи нахустини даъват 100 фоиз иҷро намуд.
Артиши миллӣ имрӯз бо таҷҳизоту техникаҳои муосир таъмин буда, ҷавонони ватандӯст дар он дарси садоқат ба Ватан, мардонагӣ ва ҳифзи марзу буми давлатро меомӯзанд.
Роҳбарияти шаҳри Гулистон барои эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ ба падару модарон ва фарзандони ҷоннисору ватандӯст изҳори миннатдорӣ намуда, барояшон хизмати содиқона ба Ватанро таманно намуд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола дар ду мавсим – моҳҳои апрел–май ва октябр–ноябр ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват карда мешаванд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон