«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 25.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.
Бояд гуфт, ки либоси миллӣ яке аз рукнҳои фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст. Таърих гувоҳ аст, ки зан-модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори ойину анъанаҳои муқаддаси миллат будааст. Инчунин яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳо аст.
Ин анъана дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо мақсади арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, дар руҳияи эҳсоси ватандӯстиву худшиносии миллӣ тарбия намудани донишҷӯён, инчунин баланд бардоштани ҳисси зебоипарастии занону духтарон ва тарғиби либосҳои миллӣ, дурӣ аз фарҳанги бегона, муаррифии либоси атлас, адрас, чакан, алоча ва дигар либосҳои миллӣ баргузор шуд. Дар ин рӯз омӯзгорзанон ва донишҷӯдухтарони донишгоҳ бо либосҳои миллӣ дар саҳни донишгоҳ ба сайру гашт баромада, либосҳои миллии тоҷиконаро муаррифӣ намуданд.
Либоси миллӣ чун рукне аз фарҳанги миллӣ ва ёдгор аз гузаштагон дар тамоми марҳилаҳо муaрриф вa бaёнгaри фaрҳaнги миллии хaлқи тоҷик мaҳсуб шудa, бо шaрофaти сиёсaти хирaдмaндонa, тaбъу зaвқи бaлaнд, ояндaнигaрии пояндa вa меҳaнпaрaстии беҳaмтои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтaрaм Эмомaлӣ Рaҳмон дaр aрсaи ҷaҳонӣ ба таври шоиста муaррифӣ мегaрдад.
АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав