Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид

АМИТ "Ховар" · · g1221874

ДУШАНБЕ, 27.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G, ки 26 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, байни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хуавей технологии Тоҷикистон» (Huawei) Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар самти рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин хадамот хабар доданд.

Тавре масъулини Хадамоти алоқа иброз доштанд, ин санад бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкории шарикии стратегӣ ва ҳамоҳангсозии талошҳои ҷонибҳо барои таҳқиқ, озмоиш ва ҷорӣ намудани технологияҳои 5G-A ва 6G дар қисми болоии диапазони басомадҳои 6 ГГс — аз 6,425 то 7,125 ГГс ба имзо расид.

Санад ба татбиқи «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва нақшаи чорабиниҳои он барои солҳои 2026–2030 мусоидат хоҳад кард.

Бояд гуфт, ки технологияҳои 5G ва 6G аз ҷумлаи самтҳои муҳими рушди инфрасохтори рақамӣ ба шумор рафта, истифодаи онҳо дар соҳаҳои гуногун метавонад ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти иқтисодӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ва густариши имкониятҳои инноватсионӣ мусоидат кунад.

Ёдовар мешавем, ки 26 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе дар доираи татбиқи «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G доир гардид.

Форум барои баррасии дурнамо ва самтҳои афзалиятноки рушди алоқаи мобилии насли панҷум (5G), ҷорӣ намудани технологияҳои муосири рақамӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи телекоммуникатсия мусоидат намуд.

АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"