Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 16.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки Рӯзи Президент дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун санаи муҳимми сиёсиву давлатӣ мавқеи хос дошта, таҷассумгари эҳтиром ба арзишҳои давлатдории миллӣ, истиқлолу озодӣ, сулҳу субот ва ваҳдати ҷомеа мебошад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ заминаҳои ташаккули низоми идоракунии давлатӣ, фаъолияти мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, инчунин дигар ниҳодҳои муҳимми давлатӣ рушд ёфтанд. Таъсиси Артиши миллӣ, ташаккули рамзҳои давлатӣ, ҷорӣ гардидани пули миллӣ ва таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ аз ҷумлаи равандҳои муҳимми давлатсозӣ ба шумор мераванд.
Дар ин раванд саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусҳои созандаву татбиқи сиёсати босамар барои таҳкими давлатдорӣ, барқарорсозии сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва густариши робитаҳои хориҷӣ ниҳоят бузург аст.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ маҳз таҳти роҳбарии хирадмандонаву дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойдевори Тоҷикистони навин гузошта шуд ва бо меҳнати софдилонаву содиқонаи мардум ва фаъолияти созандаву ободгаронаи Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон барои ҳар фарди мамлакат зиндагии шоиста, рӯзгори обод ва ҷомеаи хушбахт бунёд карда шуд.
Хизматҳои шоёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мардуми шарафманди Тоҷикистон ҳамарӯза дар фароҳам овардани сулҳу суботи комил, ваҳдати миллӣ, бунёди давлати навини тоҷикон, рушди устувори ҳама соҳаҳо, ба хусус дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегии миллию давлатӣ эҳсос менамоянд.
Ташаббусҳои башардӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба тамоми аҳли башар нигаронида шудаанд, нақши бориз ва нуфузи Пешвои миллати моро ҳамчун абармарди ҷаҳони сиёсату инсони адолатпеша беш аз пеш дар арсаи ҷаҳон муассиру маҳбубтар мегардонанд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон