Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 11.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳашт моҳи соли равон дар ҳама категорияи хоҷагиҳои парандапарварии Тоҷикистон 31 ҳазору 369 тонна гӯшти паранда истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025
ДУШАНБЕ, 11.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳашт моҳи соли равон дар ҳама категорияи хоҷагиҳои парандапарварии Тоҷикистон 31 ҳазору 369 тонна гӯшти паранда истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 7,8 фоиз зиёд мебошад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии о м ори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Зиёдшавии истеҳсоли гӯшти паранда дар вилояти Суғд 10,9 фоизро ташкил дода, ба 15 068 тонна баробар гардидааст. Истеҳсоли гӯшт дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 66 тоннаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 3,4 фоиз аст. Дар вилояти Хатлон истеҳсоли гӯшти паранда 6807 тоннаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 5,7 фоиз зиёд мебошад. Дар шаҳру норҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 9428 тонна гӯшти паранда истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба соли 2025 4,5 фоиз бештар мебошад.
Парандапарварӣ яке аз соҳаҳои асосии самти чорводорӣ ба ҳисоб рафта, дар таъмини аҳолӣ бо ғизои сафедадор мавқеи намоён дорад. То соли 2026 дар ҷумҳурӣ шумораи умумии корхонаҳои парандапарварӣ 232 ададро ташкил намуд. 140 адади он ба вилояти Суғд, 38 адад ба вилояти Хатлон, 54 адад ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе рост меояд.
Аз шумораи умумии корхонаҳои мавҷуда 102 адад ба истеҳсоли тухми истеъмолӣ, 116 адад ба истеҳсоли гӯшти паранда, 8 адад ба истеҳсоли тухму гӯшти паранда ва 6 адад ба истеҳсоли тухми инкубатсионию чӯҷаи якрӯза машғул мебошанд.
АКС аз бойгонӣ