Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 31.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Форуми байналмилалии маорифи Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид. Дар доираи он байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода хабар доданд, ин санад қадами муҳим дар самти таҳкими робитаҳои байнидонишгоҳии ду давлат ба ҳисоб меравад. Он барои густариши ҳамкории академӣ, табодули таҷрибаи таълимию илмӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштарак имконият фароҳам меорад.

Ҳамкории донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Узбекистон бахусус дар самти омӯзиш ва таълими забонҳои хориҷӣ, шарқшиносӣ, таҳқиқоти илмӣ ва омодасозии мутахассисони баландихтисос барои рушди минбаъдаи робитаҳои илмию фарҳангии ду давлат аҳамияти муҳим дорад. Тақвияти чунин робитаҳо ҳамчунин ба баланд бардоштани сифати таҳсилот, шиносоии донишҷӯён бо таҷрибаи муассисаҳои таълимии кишварҳои ҳамдигар ва тавсеаи имкониятҳои касбии онҳо мусоидат менамояд.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода

Источник: АМИТ "Ховар"