Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 03.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагӣ ба Ҷоми ҷаҳон-2026 дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таҳти роҳбарии сармураббӣ Игор Суров ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Тавре ба

ДУШАНБЕ, 03.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагӣ ба Ҷоми ҷаҳон-2026 дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таҳти роҳбарии сармураббӣ Игор Суров ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, рақиби тими  Тоҷикистон дар ин бозиҳо дастаи мунтахаби наврасони Русия (U-17) хоҳад буд. Бозии аввали дӯстона 2 октябр дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода баргузор шуда, вохӯрии дуюм 5 октябр дар Маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Варзоб доир мегардад.

Ёдовар мешавем, ки дар Ҷоми ҷаҳон-2026, ки дар Қатар баргузор мешавад, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «F» бо дастаҳои Куба (20 ноябр), Хорватия (23 ноябр) ва Сенегал (26 ноябр) неру месанҷад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"