Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 23.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 22 октябр дар доираи нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Сарвазири Гурҷистон муҳтарам Ираклий Кобахидзе баргузор шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни суҳбат вазир таманниёти неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Сарвазири Гурҷистон расонид. Ҷонибҳо масъалаҳои муҳими рушди баъдии муносибатҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Сарвазири Гурҷистон аз сафари расмии худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи июни соли равон баргузор шуд, бо самимият ёдоварӣ карда, аҳамияти онро дар рушду таҳкими баъдии муносибатҳои дуҷониба таъкид намуд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон