ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 сентябр, панҷшанбе, 267-умин рӯзи соли 2026 аст
АМИТ "Ховар" ·
24 сентябри соли 2009 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамватанони бурунмарзие, ки дар Амрико кору зиндагӣ мекунанд, суҳбати озод баргузор гардид. *** 24
24 сентябри соли 2009 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамватанони бурунмарзие, ки дар Амрико кору зиндагӣ мекунанд, суҳбати озод баргузор гардид.
***
24 сентябри соли 2010 дар шаҳри Ню-Йорк Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндаи махсуси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба Афғонистон, Сарвазири Ҷопон ва Сарвазири Тайиланд мулоқот анҷом доданд.
***
24 сентябри соли 2020 дар деҳаи Тосқалъаи деҳоти Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеи вилояти Хатлон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ бо буридани лентаи рамзӣ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-ро мавриди истифода қарор доданд.
***
24 сентябри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк дар мубоҳисаҳои 79-уми умумии Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид иштирок ва суханронӣ намуданд.
***
24 сентябри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк бо Валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Холид Ал-Ҳамад ал-Муборак Ал-Сабоҳ мулоқот намуданд.
***
24 сентябри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи мубоҳисаҳои Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Амири Давлати Қатар шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ суҳбат намуданд.
***
23 сентябри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк дар мубоҳисаҳои иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид иштирок ва суханронӣ намуданд.
***
23 сентябри соли 2025 дар фароварди сафар ба шаҳри Ню-Йорк Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон мулоқот намуданд.
24 СЕНТЯБР:
Рӯзи ҷаҳонии баҳр
***
Дар Камбоҷа – Рӯзи Конститутсия.
РӮЙДОДҲО:
24 сентябри соли 1923 маҷмааи табъу нашри «Московская правда» таъсис дода шуд.
***
24 сентябри соли 1948 ширкати «Хонда мотор» («Honda Motor Co») таъсис ёфт.
***
Дар ин рӯзи соли 1968 Свазиленд ба узвияти Созмони Милали Муттаҳид қабул карда шуд.
***
24 сентябри соли 1972 дар раъйпурсии Норвегия 53,5% иштирокдорон ба муқобили дохилшавии мамлакат ба Иттиҳоди иқтисодии Аврупо овоз доданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2004 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия нависандаи тоҷик Темур Зулфиқоров бо ҷоизаи адабиёти Русия- «Марғзори равшан» сарфароз гардонида шуд.
***
24 сентябри соли 2009 дар пойтахти Молдова – шаҳри Кишинев Форуми 4-уми эҷодӣ ва илмии зиёиёни давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1953 дар Ҳолливуд аввалин филми манзаравӣ ба намоиш гузошта шуд.
***
Соли 1998 дар Фаронса аввалин маротиба ҷарроҳии насб кардани дасти як нафар ба шахси дигар анҷом дода шуд.