Эҳтиром ба Рӯзи Президент эҳтиром ба давлат, миллат, Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу ваҳдат аст
АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 16.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми азизи кишвар аз ҷумлаи санаҳои давлатиест, ки маънои он аз доираи як воқеаи сиёсӣ ва як маросими расмӣ фаротар рафта, ба андешае дар бораи давлатдорӣ, масъулияти таърихии роҳбарият ва сарнавишти миллат дар марҳалаи муосир табдил ёфтааст. Таърихи давлатдории навини тоҷикон дар шахсияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо марҳалаи тақдирсози таҳкими сулҳу субот, барқарории сохти давлатдорӣ, ҳифзи истиқлолияти миллӣ ва ташаккули заминаҳои ҳуқуқию сиёсӣ ва иқтисодии рушди минбаъдаи кишвар пайванди ногусастанӣ пайдо кардааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои Тоҷикистони соҳибистиқлол танҳо як шахсияти сиёсии замони муосир нестанд, балки дар таҷрибаи давлатдории навини тоҷикон ҳамчун шахсияте зуҳур кардаанд, ки фаъолияти сиёсӣ ва масъулияти давлатдориашон бо яке аз мураккабтарин марҳалаҳои таърихи миллат — марҳалаи ҳифзи давлат, барқарории сулҳ, таҳкими истиқлолият ва ташаккули низоми нави давлатдорӣ пайванди ногусастанӣ пайдо кардааст. Аз ҳамин рӯ, омӯзиши нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи муосири Тоҷикистон танҳо баррасии фаъолияти як роҳбари сиёсӣ набуда, таҳлили он равандест, ки дар он иродаи сиёсӣ, масъулияти давлатӣ, хиради таърихӣ ва ормони миллӣ ба ҳам омада, барои ҳифзи давлат ва идомаи давлатдории миллӣ замина гузоштаанд.
Шахсияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама дар заминаи муносибат ба давлат маъно пайдо мекунад, зеро барояшон давлат танҳо сохтори идорӣ ё маҷмӯи мақомоти сиёсӣ набуда, балки шакли ҳуқуқии ҳастии миллат, кафили истиқлолият, ҳомии амнияти шаҳрванд ва воситаи татбиқи ормонҳои таърихии ҷомеа мебошад ва маҳз ҳамин фаҳмиш имкон медиҳад, ки сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо аз рӯйи қарорҳои алоҳида, балки аз рӯйи самти умумии давлатсозие арзёбӣ намоем, ки дар тӯли фаъолияти президентӣ ба таҳкими пояҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва маънавии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.
Дар таърихи давлатҳо лаҳзаҳое ҳастанд, ки роҳбарро вазъият интихоб намекунад, балки вазъият аз ӯ шахсияти муайянро талаб менамояд, зеро дар чунин марҳалаҳо масъалаи асосӣ соҳиб шудан ба ҳокимият нест, балки ҳифзи худи давлат ва барқарор намудани эътимоди миллат ба ояндаи хеш мебошад ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз дар чунин шароити мураккаби таърихӣ ба роҳбарии Тоҷикистон расида, масъулиятеро ба зимма гирифтанд, ки аз доираи идораи маъмурии кишвар хеле фаротар рафта, ба масъалаи нигоҳ доштани ягонагии сиёсӣ ва ҳудудии давлат, барқарории сулҳу субот ва аз нав ба роҳ мондани низоми давлатдорӣ табдил ёфт.
Аз ин ҷиҳат, шахсияти Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро метавон аз мавқеи фалсафаи таърих ҳамчун шахсияте арзёбӣ кард, ки дар як давраи ҳалкунандаи таърихӣ миёни воқеияти буҳронии ҷомеа ва зарурати сохтани ояндаи сиёсӣ қарор гирифтанд ва интихобашон дар он шароит интихоби миёни роҳҳои гуногуни ҳокимият набуда, бештар интихоби миёни идомаи парокандагӣ ва барқарории давлат, миёни интиқоми сиёсӣ ва оштии миллӣ, миёни заифшавии ниҳодҳои давлатӣ ва таҳкими қонуният, миёни ноумедӣ аз фардо ва эътимод ба имкони эҳёи Тоҷикистон буд.
Қудрати сиёсии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз дар он зоҳир гардиданд, ки масъалаи давлатро аз масъалаи рақобати сиёсӣ болотар гузоштанд, зеро дар ҷомеаи буҳронзада ҳар як гурӯҳ метавонад манфиати худро ҳақиқати умумӣ эълон кунад, аммо давлатдорӣ аз роҳбар талаб менамояд, ки манфиати умумиро аз манфиати гурӯҳӣ ҷудо намуда, дар лаҳзаи тақдирсоз он чизеро ҳифз кунад, ки барои ҳамаи шаҳрвандон арзиш дорад ва барои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин арзиши муттаҳидкунанда худи Тоҷикистон, истиқлолияти давлатӣ, сулҳ, ваҳдати миллӣ ва тамомияти арзии давлат буд.
Дар ин замина, симои сиёсии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама бо мафҳуми сулҳ пайванди таърихӣ пайдо мекунад, аммо сулҳ дар фаъолияташон танҳо ба маънои хотима додани ҷанг фаҳмида намешавад, зеро сулҳи воқеӣ вақте ба вуҷуд меояд, ки ҷонибҳои муқобил на танҳо аз истифодаи зӯроварӣ даст кашанд, балки ба мавҷудияти як давлати умумӣ, як қонуни умумӣ ва як ояндаи умумӣ розӣ шаванд ва маҳз ҳамин гузариш аз муқовимат ба ҳамзистӣ, аз парокандагӣ ба ваҳдат ва аз беэътимодӣ ба эътимоди сиёсӣ яке аз муҳимтарин ҷанбаҳои фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи навини Тоҷикистон мебошад.
Сулҳ дар дидгоҳи чунин давлатдорӣ танҳо набудани ҷанг нест, балки барқарор шудани шароите мебошад, ки дар он инсон метавонад худро соҳиби Ватан эҳсос кунад, қонун метавонад ҷойи силоҳро бигирад, институтҳои давлатӣ метавонанд фаъолияти худро барқарор намоянд ва ҷомеа метавонад ба ҷои саволи «ки пирӯз мешавад?» ба саволи «чӣ гуна кишварро обод мекунем?» гузарад ва ҳамин тағйири саволи миллӣ худ яке аз бузургтарин дастовардҳои давраи давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад.
Ваҳдати миллӣ низ дар фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо ҳамчун шиори сиёсӣ маҳдуд намондааст, балки тадриҷан ба яке аз мафҳумҳои меҳварии давлатдории муосири Тоҷикистон табдил ёфтааст, зеро ваҳдат вақте арзиши воқеӣ пайдо мекунад, ки он ба муносибати шаҳрвандон ба давлат, ба қонун ва ба якдигар таъсир расонад ва ҷомеа дарк намояд, ки ихтилофи сиёсӣ метавонад вуҷуд дошта бошад, аммо сарнавишти давлат ва манфиати миллат набояд қурбони он гардад.
Аз ҳамин нуқтаи назар, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи муосири Тоҷикистон ҳамчун сиёсатмадоре муаррифӣ мешаванд, ки масъалаи ваҳдатро аз сатҳи созиши сиёсӣ ба сатҳи арзиши давлатӣ бардоштанд, зеро дар шароити ҷаҳони пуртазод ва тағйирёбанда барои давлати миллӣ танҳо доштани қаламрав ва ниҳодҳои давлатӣ кофӣ нест, балки зарур аст, ки дар дохили ҷомеа як меҳвари умумии эътимод вуҷуд дошта бошад ва дар таҷрибаи Тоҷикистон ин меҳвар дар мафҳумҳои Ватан, истиқлолият, сулҳ ва ваҳдати миллӣ таҷассум ёфтааст.
Хусусияти дигари шахсияти Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он зоҳир мегардад, ки ӯ давлатдориро танҳо ҳамчун ҳалли масъалаҳои имрӯза не, балки ҳамчун сохтани заминаҳои фардои давлат мебинад, зеро сиёсати стратегӣ аз сиёсатҳои муваққатӣ маҳз бо он фарқ мекунад, ки натиҷаи худро на танҳо дар интихоботи навбатӣ ё дар як марҳалаи кӯтоҳи сиёсӣ, балки дар тағйироти сохторие меҷӯяд, ки метавонанд ба рушди давлат барои даҳсолаҳо таъсир расонанд ва аз ҳамин лиҳоз, масъалаҳои энергетика, нақлиёт, саноат, маориф, илм, технология ва инфрасохтор дар сиёсати Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо масъалаҳои иқтисодӣ набуда, ҷузъҳои як тасаввури васеътар дар бораи давлати соҳибистиқлол мебошанд.
Дар ин миён Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар сиёсати Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маънои хос пайдо кардааст, зеро ин иншоот на танҳо як лоиҳаи бузурги энергетикӣ, балки дар зеҳни сиёсӣ ва маънавии давлатдорӣ ба рамзи иродаи Тоҷикистон барои мустақилона муайян кардани роҳи рушди худ табдил ёфтааст ва маҳз ҳамин хусусият имкон медиҳад, ки «Роғун»-ро дар доираи сиёсати Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун пайванди байни энергетика, иқтисод, истиқлолияти воқеӣ ва эътимоди миллӣ ба имкониятҳои худ арзёбӣ намоем.
Аммо истиқлолияти воқеӣ танҳо бо неругоҳу роҳ ва корхона таъмин намешавад, зеро давлате, ки мехоҳад дар ҷаҳони муосир мустақилона мавқеи худро ҳифз намояд, бояд пеш аз ҳама ба неруи инсонӣ такя кунад ва аз ҳамин ҷост, ки таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маориф, илм, фарҳанг, тарбияи ҷавонон ва рушди сармояи инсонӣ бояд ҳамчун қисми муҳими стратегияи давлатсозии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаҳмида шавад, зеро роҳи дарозтарини давлат аз синфхона мегузарад ва миллате, ки имрӯз ба таълиму тарбияи фарзандони худ сармоягузорӣ мекунад, дар асл барои истиқлолияти зеҳнии фардои худ замина мегузорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи худшиносии миллӣ низ мавқеи махсусро соҳибанд, зеро дар фаъолияти сиёсиашон таърих ва фарҳанги миллӣ танҳо ҳамчун мавзӯи маросимӣ ё маводи ифтихорӣ истифода нашуда, балки ба унсури сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст ва эҳёи хотираи таърихӣ, гиромидошти забони давлатӣ, муаррифии мероси адабӣ ва илмии гузаштагон ва арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ аз ҳамин нуқтаи назар аҳамияти давлатсозӣ пайдо мекунад, зеро миллате, ки таърихи худро мешиносад, метавонад дар муносибат бо ҷаҳони муосир мавқеи худро бо эътимоди бештар муайян намояд.
Дар ин маврид, муносибати Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чеҳраҳои бузурги таърихию фарҳангии тоҷикон низ дорои маънои амиқи сиёсӣ мебошад, зеро бузургдошти Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абуалӣ Ибни Сино, Носири Хусрав, Имоми Аъзам, Исмоили Сомонӣ ва дигар шахсиятҳои тамаддуни тоҷик танҳо бозгашт ба гузашта нест, балки талош барои пайвастани шуури имрӯзаи миллат ба як анъанаи дарозмуддати маънавӣ мебошад, ки дар он илму дониш, ахлоқ, давлатдорӣ, адолат ва инсонгароӣ арзишҳои асосӣ ба шумор мераванд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин раванд барои худшиносии миллӣ танҳо ифтихор аз гузашта не, балки масъулият дар назди гузашта ва ояндаро пешниҳод мекунанд, зеро агар таърих танҳо василаи фахр кардан бошад, он ба хотираи ғайрифаъол табдил меёбад, аммо агар таърих ба масъулияти имрӯз пайваст шавад, он метавонад ба неруи созанда табдил ёбад ва маҳз ҳамин гузариш аз «мо кистем?» ба «барои идомаи роҳи онҳо мо чӣ бояд кунем?» яке аз паҳлуҳои муҳими фалсафаи давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Дар сиёсати хориҷӣ низ шахсияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бештар бо кӯшиши ба вуҷуд овардани мавқеи мустақил ва шинохташавандаи Тоҷикистон дар масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ тавсиф мешавад, зеро дипломатияи давлатҳои хурд танҳо дар сурате таъсиргузор мегардад, ки онҳо тавонанд масъалаҳои миллиро ба масъалаҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ пайванд диҳанд ва ташаббусҳои Тоҷикистон дар масъалаҳои таҳкими сулҳ, об, иқлим ва пиряхҳо маҳз намунаи чунин муносибат мебошанд, ки дар он манфиати миллии кишвар бо масъулияти умумии башарӣ ба ҳам пайвастааст.
Ин равиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон медиҳад, ки сиёсати хориҷӣ дар фаҳмиши давлатдории муосир танҳо муносибат бо давлатҳои дигар нест, балки яке аз роҳҳои муаррифии ҳувияти сиёсии худи давлат мебошад, зеро ҳар ташаббуси байналмилалӣ дар ниҳоят саволеро ба миён мегузорад, ки Тоҷикистон худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ чӣ гуна мебинад ва барои ҷаҳон чӣ андешаи сиёсӣ ва чӣ масъулият пешниҳод мекунад.
Аз ҳамин ҷост, ки Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати байналмилалӣ масъалаҳои таҳкими сулҳ ва обу иқлимро танҳо ҳамчун манфиати як кишвар матраҳ накарданд, балки онро ба масъалаи амнияти инсон, рушди устувор, ҳифзи табиат ва ояндаи наслҳо пайвастанд ва ҳамин тарзи баён кардани масъалаҳои миллӣ нишон медиҳад, ки сиёсат вақте ба дипломатияи таъсиргузор табдил меёбад, ки манфиати маҳаллӣ тавонад забони арзиши умумибашариро пайдо кунад.
Шахсияти Пешвои маҳбуби миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро инчунин аз мавқеи муносибаташон ба мардум бояд баррасӣ кард, зеро давлатдорӣ бе дарки инсон, ки субъекти асосии давлат аст, ба идоракунии маъмурӣ маҳдуд мешавад ва ҳар қадар институтҳои давлатӣ мукаммал бошанд ҳам, агар дар маркази сиёсати давлатӣ инсон, ҳуқуқ, зиндагӣ, таълим, саломатии иҷтимоӣ ва эҳсоси амният қарор нагирад, давлат наметавонад маънои пурраи худро ҳамчун низоми хизматрасон ба ҷомеа амалӣ созад.
Аз ин рӯ, яке аз паҳлуҳои муҳими симои сиёсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар он метавон дид, ки масъалаи давлат ва масъалаи инсонро аз ҳам ҷудо намекунанд, зеро давлат барои худ вуҷуд надорад, балки барои ҳифзи истиқлолият, таъмини субот, фароҳам овардани шароити зиндагии шоиста ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон вуҷуд дорад ва маҳз дар ҳамин муносибат мафҳуми давлатдорӣ аз мафҳуми ҳокимият фарқ мекунад. Ҳокимият метавонад худро ҳадаф шуморад, аммо давлатдорӣ ҳокимиятро восита медонад; ҳокимият метавонад имрӯзро бинад, аммо давлатдорӣ маҷбур аст фардоро низ ба назар гирад; ҳокимият метавонад аз пирӯзии сиёсӣ қаноат кунад, аммо давлатдорӣ танҳо вақте пирӯз аст, ки давлат баъд аз як насл низ устувор боқӣ монад ва маҳз ҳамин фарқият ба шахсияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари давлат аҳамияти хоси таърихӣ мебахшад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро метавон ҳамчун шахсияте тавсиф кард, ки дар сиёсат бештар ба идомаи давлатдорӣ назар дорад, зеро дар шароити ҷаҳони муосир вазифаи роҳбари миллӣ танҳо ҳалли масъалаҳои имрӯзӣ нест, балки эҷоди чунин низоми сиёсӣ ва ҳуқуқист, ки тағйироти фардо низ дар доираи давлат ва қонун сурат гиранд ва ҳамин андеша маънои воқеии давлатмеҳвариро ифода мекунад.
Дар ниҳоят, арзиши шахсияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои Тоҷикистонро бояд дар маҷмӯи ҳамин равандҳо — сулҳ, ваҳдат, таҳкими истиқлолият, рушди давлатдорӣ, эҳёи худшиносии миллӣ, таҳкими мавқеи байналмилалӣ, таваҷҷуҳ ба маорифу илм ва сохтани инфрасохтори стратегӣ дид, зеро ҳар яке аз ин самтҳо алоҳида як бахши сиёсати давлатӣ менамояд, аммо дар маҷмӯъ онҳо тасвири як ҷаҳонбинии давлатдориро ба вуҷуд меоранд, ки дар маркази он Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, миллат ҳамчун субъекти таърих ва инсон ҳамчун ҳадафи ниҳоии сиёсати давлатӣ қарор дорад.
Аз ҳамин рӯ, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои арҷгузорӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо рӯзи ёд кардани як шахсияти сиёсӣ нест, балки рӯзи бознигарии он роҳи давлатсозиест, ки дар як марҳалаи тақдирсоз бо номашон сахт пайванд гирифтааст, зеро агар таърих бо санаҳо навишта шавад, маънои таърихро шахсиятҳо, қарорҳо ва интихобиҳои тақдирсоз муайян мекунанд ва дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз он шахсиятҳо мебошанд, ки номи онҳо бо марҳалаи барқарории сулҳ, таҳкими давлат ва ҷустуҷӯи роҳи устувори рушди миллӣ пайванди ногусастанӣ пайдо кардааст.
Бинобар ин, эҳтиром ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи Президент пеш аз ҳама эҳтиром ба институти давлат, ба истиқлолияти миллӣ, ба сулҳу ваҳдат ва ба роҳи давлатсозие мебошад, ки дар тӯли даҳсолаҳои охир барои Тоҷикистон шакл гирифтааст, зеро шахсияти роҳбар вақте аҳамияти воқеии таърихӣ пайдо мекунад, ки номашон дар шуури ҷомеа на танҳо бо мансаб, балки бо як давраи муайяни сарнавишти давлат пайваст гардад.
Ва шояд дар ҳамин ҷо маънои аслии Рӯзи Президент бештар эҳсос мешавад. Ҳамин рӯз моро водор месозад, ки на танҳо ба шахсияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон назар кунем, балки дар симояшон масъулияти давлатдорӣ, зарурати ҳифзи истиқлолият, аҳамияти қонун, арзиши ваҳдати миллӣ ва вазифаи насли имрӯзро дар назди фардои Тоҷикистон бубинем, зеро шахсият дар таърих бо он бузург мешавад, ки дар лаҳзаи зарурӣ чӣ масъулиятеро ба дӯш гирифтааст ва давлат бо он бузург мешавад, ки пас аз он масъулият барои наслҳои баъдӣ чӣ меросе боқӣ гузоштааст.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо номи Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам аст, рӯзи саодати миллат ва асоси пойдории давлат аст.
Барно САИДВАЛИЗОДА, Раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерал-майори милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ