ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 22.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. То фаро расидани давраи таътили тирамоҳии мактабӣ рӯзҳои башумор боқӣ мондааст. Дар зеҳни бисёр волидон саволи он ки чӣ гуна фарзандонашон давраи таътилро самаранок сипарӣ намоянд, пайдо мешавад. Коршиносон бар он назаранд, ки барои шавқовар гузаронидани давраи таътил волидон бояд фарзандони худро ба марказҳои забономӯзӣ, касбу ҳунаромӯзӣ ва марказҳои таҳсилоти иловагӣ ҷалб намоянд.

Таътил бо омӯзиш хуб аст

Давраи таътил метавонад барои барқарор намудани неруи ҷисмонию равонӣ, мутолиаи китобҳои бадеӣ, сайругашт дар ҳавои тоза ва рушди шавқу ҳаваси хонандагон имконияти муносиб фароҳам оварад.

Муҳим он аст, ки кӯдак дар рӯзҳои таътил худро танҳо дар доираи вазифаҳои хонагӣ ва талаботи калонсолон маҳдуд эҳсос накунад. Истироҳат бояд бо фаъолияти шавқовар, муошират бо аҳли оила ва машғулияти мувофиқ ба синну соли кӯдакон ҳамоҳанг бошад. Волидон метавонанд якҷо бо фарзандон реҷаи рӯзро тартиб диҳанд, барои китобхонӣ вақти муайян ҷудо кунанд, ба сайругашт бароянд ва дар корҳои хона иштирок намудани кӯдаконро ба одат табдил диҳанд. Инчунин кӯдаконро ба марказҳои иловагӣ ҷалб намоянд. Чунин муносибат на танҳо вақти холиро самаранок мегардонад, балки ҳисси масъулият ва мустақилияти кӯдакро низ тақвият медиҳад.

Маҳфилҳои ҳунаромӯзӣ ва забономӯзии ройгон

Бо ин мақсад дар таътили тирамоҳӣ аз ҷониби Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хонандагон ба муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳри Душанбе, аз ҷумла ба Маркази кӯдакон ва наврасон ва марказҳои кӯдакон ва наврасони чор ноҳияи пойтахт ҷалб гардида, ба маҳфилҳои ҳунаромӯзӣ, забономӯзӣ, варзишӣ ва фарҳангӣ ба таври ройгон фаро гирифта мешаванд.

Дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» бо мақсади ҳадафнок гузаронидани давраи таътил зиёда аз 40 маҳфили забономӯзӣ, аз ҷумла русӣ, англисӣ, олмонию чинӣ ва фаронсавӣ амал менамоянд. Инчунин маҳфилҳои ҳунаромӯзӣ ва бадеию варзишӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо омӯзгорони соҳибкасбу соҳибтаҷриба машғулият мегузаронанд. Дар марказ маҳфилҳои ҳунаромӯзӣ, забономӯзӣ, варзишӣ ва фарҳангӣ фаъолият намуда, ба онҳо таълимгирандагони аз 7 то 21-сола ба таври ройгон фаро гирифта мешаванд.

Имрӯзҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ марказҳои кӯдакон ва наврасон, ҳамчунин дар назди муассисаҳои таълимӣ маҳфилҳои гуногун фаъолият дошта, дар мактабҳо дар вақти таътил дарсҳои иловагӣ ба таври ройгон ташкил карда мешаванд. Муассисаҳои таълимӣ бо ин мақсад нақшаи чорабиниҳоро тасдиқ намудаанд, ки дар онҳо бештар баргузории мусобиқаҳои варзишӣ ва озмунҳои дохилимактабӣ дар назар дошта шудаанд.

Марказҳои таҳсилоти иловагӣ, ки асосан дар доираи марказҳои эҷодии кӯдакон ва наврасон фаъолият мебаранд, барои рушди малакаи эҷодӣ ва илмии хонандагон имконияти фаровон фароҳам меоранд. Дар ин марказҳо хонандагон метавонанд ба омӯзиши технологияҳои нав, ҳунарҳои бадеӣ, расмкашӣ, робототехника, моделсозӣ ва дигар фанҳои эҷодӣ машғул шаванд.

Телефон набояд ҷойи муоширатро гирад

Яке аз масъалаҳои нигаронкунанда истифодаи аз ҳад зиёди телефонҳои мобилӣ ва бозиҳои компютерӣ мебошад. Дар рӯзҳои таътил, вақте ки реҷаи маъмулии дарсӣ тағйир меёбад, эҳтимол дорад баъзе хонандагон қисми зиёди вақти худро дар муҳити маҷозӣ гузаронанд. Маҳдуд кардани телефон танҳо бо манъкунӣ натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Волидон бояд ба фарзандон машғулияти ҷолиб: мутолиаи китоб, бозиҳои зеҳнӣ, варзиш, расмкашӣ, корҳои эҷодӣ ва сайругашт пешниҳод кунанд. Муоширати зинда бо аъзои оила ва ҳамсолон низ барои рушди малакаҳои иҷтимоии кӯдакон аҳамияти калон дорад.

Ба андешаи таҳлилгарон, аввалин сарчашмаи таъсирро дар тарбияи фарзанд волидайн мегузоранд. Сипас, дабистону мактабҳо, мураббиву муаллимҳо низ нақши бузург хоҳанд дошт. Вале танҳо масъулиятро ба сари падару модар ва мактабу донишгоҳ бор кардан мумкин нест, зеро омилҳои дигаре низ вуҷуд доранд, ки инҳо таъсири беруна ва истифодаи бемавриди интернет мебошанд. Агар насли наврас босавод ва хештаншиносу ватандӯст бошад, ҳеҷ гоҳ гумроҳ ва беҳудагард намешавад. Пас, барои ояндаи дурахшони фарзандон ва ободии Тоҷикистон набояд бетараф бошем.

Таҳияи Зарангези ЛАТИФ, АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Источник: АМИТ "Ховар"