Осори Мавлоно чун падидаи нодири адабиёт ва андешаи башарӣ то имрӯз аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 30.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 30 сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Бояд гуфт, ки ин ташаббус аз соли 2009 дар асоси Фармони
ДУШАНБЕ, 30.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 30 сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Бояд гуфт, ки ин ташаббус аз соли 2009 дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи таҷлили зодрӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ» рӯйи даст гирифта шуд.
–Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ соли 1207 дар шаҳри Балх ё дар Вахши Тоҷикистон ба дунё омадааст. Номи ӯ Ҷалолуддин Муҳаммад буда, бо тахаллуси Мавлавӣ машҳур аст. Падараш аз олимони Балх буд. Дар ибтидои ҳуҷуми муғулҳо ӯ бо волидайни худ аз Вахш ба Балх, Самарқанд ва Нишопур сафар кардааст. Баъдан оилаи онҳо аз Нишопур ба Ҳиҷоз мекӯчад. Соли 1232 дар Қуния, дар назди Бурҳонуддини Муҳаққиқи Тирмизӣ илми тасаввуфро азхуд мекунад. Мавлоно Балхӣ соли 1273 дар Қунияи Рум вафот кардааст.
Бузургтарин асари ӯ «Маснавии маънавӣ» мебошад, ки ба навиштани он соли 1259 оғоз карда, зиёда аз 10 сол ба эҷоди ин асар машғул шудааст. Мавзуи асосии асар масъалаҳои тасаввуф мебошанд. Аз осори шоир тақрибан 50 ҳазор байт ва 1600 рубоӣ боқӣ мондааст. Оламе гарму пуршӯру тӯфонӣ, саршори ишқу меҳру сӯзу гудоз, ранҷе бархоста аз шавқу иштиёқ дар пардаи зеҳн зинда мешавад. Муҳаққиқон ба он назаранд, ки тамоми шаш дафтари «Маснавӣ» ба гунае иборат аз шарҳу тафсири ҳамин муқаддимаи пуршӯр аст. Бозгаште, ки танҳо аз роҳи ишқ – ишқи таҳаввулгару комилсоз, инсонсоз ва ҳастинофарин муяссар аст.
Воқеият он аст, ки Мавлоно дар мақтаи муайяне аз таълифи «Маснавӣ» оғоз кард, вале то он замон заминаи иншоии ин шоҳкори гаронсанг давоми солҳо дар бистари ғазалиёти дилошӯб омода шуда буд, ғазалиёте, ки дар «Девони Шамс» ё «Девони Кабир» фароҳам омадаанд. Дар ибтидои замон дар перомуни рӯзгору ҷаҳони рангину пуррамзу нози Мавлоно ҳазорон мақолаву китобҳо таълиф шудаанд ва агар ҷамъоварӣ шаванд, шояд китобхонаи бузурге ташкил диҳанд. Воқеан, ҷозибае биловасф дар домани ҳар ғазале дар ҳоли ҷӯшиш аст, ки зеҳну қалб ва вуҷуди инсонро ба худ мекашад, ба равони инсон неруе шодофарин, ҷунбанда ва пуртаҳаррук медиҳад.
Дунёи шигифтангези андешаву афкор, калому гуфтори Мавлоно давоми қарнҳо ҳамвора таваҷҷуҳи пажуҳишгарону донишмандони ақсои ҷаҳонро ба худ ҷалб намудааст. Ҳар яке аз ин дарёи ҳамеша хурӯшон дурру гавҳаре ёфта ва пеши азамату шукуҳи кохи бузурги андешаи ӯ сари эҳтирому таъзим фуруд овардааст. Дар паҳнои адабиёти форсӣ мо шоирони бузурги соҳибдевони зиёд дорем. Шоироне, ки ашъорашон шабоҳати зиёди мазмунӣ доранд. Ағлаб аз чакидаҳои зеҳни якдигар суд ҷуста, зери таъсири андешаву ҷаҳони фикрии якдигар мондаанд. Вале девони Мавлоно дар муқоиса бо онҳо ҳавои дигаре дорад.
Осори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҳамчун падидаи нодири адабиёт ва андешаи башарӣ то имрӯз аҳамияти бузурги маънавию ахлоқӣ дошта, дар ташаккули ҷаҳонбинии инсон, таҳкими маърифату худшиносӣ ва тарғиби арзишҳои неки инсонӣ нақши муҳим мегузорад. Андешаҳои инсонпарварона, даъват ба донишомӯзӣ, маърифат, муҳаббат, таҳаммулпазирӣ ва ҳамзистии осоишта, ки дар осори ӯ таҷассум ёфтаанд, барои наслҳои имрӯза низ аҳаммияти хосса доранд.
Мавлоно бо андешаи фарогири худ марзҳои замону маконро убур намуда, ба яке аз чеҳраҳои мондагори фарҳангу адабиёти ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Мероси гаронбаҳои ӯ на танҳо боиси ифтихори миллати тоҷик, балки ганҷинаи маънавии башарият ба шумор меравад. Омӯзиш ва муаррифии ҳамаҷонибаи осори Мавлоно барои шинохти саҳми тоҷикон дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ ва таҳкими эҳсоси худшиносии миллӣ аҳамияти муҳим дорад.
Имрӯз дар Тоҷикистон ба омӯзишу таҳқиқи мероси илмӣ, адабӣ ва фарҳангии Мавлоно таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, олимону муҳаққиқон дар самти муаррифии осори ӯ ва нақши Мавлоно дар рушди адабиёти тоҷику форсу корҳои арзишманд анҷом медиҳанд. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ ҳамчун маркази муҳими илмӣ дар омӯзиш, таҳқиқ ва тарғиби мероси гаронбаҳои ниёгон, аз ҷумла осори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ саҳми назаррас мегузорад.
Мо бояд аз мероси маънавии Мавлоно барои тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи донишандӯзӣ, маърифатпарварӣ, ватандӯстӣ, инсондӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ самаранок истифода намоем. Зеро андешаҳои созанда ва инсонпарваронаи Мавлоно, ки давоми асрҳо арзиши худро нигоҳ доштаанд, имрӯз низ метавонанд ҳамчун чароғи маърифат роҳи инсонро ба сӯи дониш, хирад ва камолоти маънавӣ равшан созанд.
Қобилҷон ХУШВАХТЗОДА, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик
АКС: АМИТ «Ховар»