Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 28.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 27 октябр дар Институти фалсафа ва сиёсатшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино» конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба институт.

Конфронс бахшида ба 20-солагии таъсиси Маркази синошиносӣ доир гардида, нақши он дар омӯзиши афкор ва таълимоти Ибни Сино дар замони бархурди тамаддунҳо муҳим ва зарурӣ арзёбӣ гардид.

«Нақши Маркази синошиносӣ дар шинохти мероси фалсафии Ибни Сино», «Абуалӣ ибни Сино ва мақоми зан», «Корномаи миллии мутарҷими «Қонуни тиб»-и Абуалӣ ибни Сино», «Аҳамияти методологии фаъолияти тарҷума дар пажуҳишҳои таърихӣ ва фалсафӣ» ва ғайра аз мавзуъҳое буданд, ки аз ҷониби донишмандону олимон пешниҳод ва баррасӣ шуданд.

Таъкид шуд, ки осори Ибни Сино дар рушди ҷаҳонбинии илмии ҷомеа нақши бузург дорад.

АКС: Институти фалсафа ва сиёсатшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"