Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 04.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо Маркази минтақавии дастгирии лоиҳаҳои кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай дар соҳаи фармасевтика дар мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии

ДУШАНБЕ, 04.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Т ақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо Маркази минтақавии дастгирии лоиҳаҳои кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай дар соҳаи фармасевтика дар мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо намояндагони Маркази минтақавии дастгирии лоиҳаҳои кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай ва сармоягузорони Чин дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории сармоягузорӣ, раванди татбиқи лоиҳаҳои муштарак, инчунин имконияти ҷалби сармояи мустақими хориҷиро ба иқтисодиёти Тоҷикистон, ба хусус соҳаи фарматсевтика мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар мулоқот таваҷҷуҳи махсус ба имконияти таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсоли маҳсулоти доруворӣ, рушди иқтидори истеҳсолии соҳаи фарматсевтика, татбиқи технологияҳои муосир ва истифодаи таҷрибаи пешқадами ширкатҳои чинӣ дар ин самт равона гардид.

Ҷонибҳо инчунин оид ба имконияти тақвияти ҳамкорӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай, муайян намудани лоиҳаҳои ояндадори сармоягузорӣ ва роҳҳои мусоидат ба татбиқи амалии онҳо мубодилаи афкор намуданд.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо барои идомаи муколама, таҳкими робитаҳои корӣ ва омӯзиши минбаъдаи имконияти татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар соҳаи фарматсевтика изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"