Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Камран Алиев мулоқот намуд

АМИТ "Ховар" ·

Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Камран Алиев мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 02.10.2026 /АМИТ “Ховар”/. Дар ҳошияи ҷаласаи 24-уми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия мулоқоти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода бо  Прокурори генералии

ДУШАНБЕ, 02.10.2026 /АМИТ “Ховар”/ . Дар ҳошияи ҷаласаи 24-уми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия мулоқоти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода бо  Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Камран Алиев баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар фазои анъанавии дӯстӣ, эҳтироми мутақобила ва муколамаи созанда, роҳбарони мақомоти назоратӣ вазъияти кунунӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаро бо такя ба муносибатҳои деринаи байни ду мамлакат муҳокима карданд.

Ҷонибҳо масъалаҳои расонидани кумаки ҳуқуқӣ дар доираи парвандаҳои ҷиноятӣ, истирдод ва тақвияти ҳамоҳангӣ дар мубориза бо ҷиноятҳои фаромиллиро муфассал мавриди баррасӣ қарор доданд.

Яке аз ҷанбаҳои муҳими сӯҳбат баррасии дурнамои густариши чаҳорчӯбаи ҳуқуқӣ, бахусус таҳияи лоиҳаи Барномаи нави ҳамкории байниидоравӣ буд.

АКС: Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"