Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 28.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 27 октябр дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷамъбасти даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» баргузор гардид. Ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмун « Диплом » — у « Сипоснома » -ҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин академия.

Дар чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Заррина Абдумаликзода ва муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода доир ба аҳамияти баргузории озмун, нақши занон дар низоми хизмати давлатӣ, зарурати фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти касбӣ ва роҳбарии онҳо ибрози назар намуданд.

Таъкид шуд, ки дастгирии занон, баланд бардоштани мақому манзалати онҳо ва фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои иштироки фаъолонаашон дар идоракунии давлатӣ аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Баргузории чунин чорабиниҳо барои муаррифии таҷрибаи пешқадам, таҳкими малакаҳои роҳбарӣ ва ҳавасмандгардонии занони хизматчии давлатӣ бағоят муҳим аст.

Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» соли чорум аст дар ҷумҳурӣ баргузор мешавад ва ба яке аз иқдомҳои муҳими ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии занони хизматчии давлатӣ табдил ёфтааст.

АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"