Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 06.11.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и вазорат бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин вазорат хабар доданд.
Иштирокчиёни ҳамоиш дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо иброз доштанд, ки Конститутсия ҳамчун Қонуни асосии давлат заминаи ҳуқуқии давлатдории миллӣ, кафили суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва рушди устувори ҷомеа, таҳкими давлатдории миллӣ, таъмини волоияти қонун, инчунин пешрафти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад.
Гуфта шуд, ки саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳия, қабул ва татбиқи Конститутсияи Тоҷикистон бениҳоят бузург буда, ташаббускори асосӣ ва иқдомгари асил дар таҳияи ин ҳуҷҷати муҳими давлатӣ ба ҳисоб меравад. Инчунин оид ба нақши ин санади муҳим дар рушди иқтисоди давлат ва волоияти қонун ибрози назар карда шуд.
Дар ҳамоиши Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и вазорат изҳор шуд, ки Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқии давлат заминаи устувори рушди қонунгузории миллӣ, аз ҷумла такмили низоми ҳифз ва ҳимояи моликияти зеҳнӣ, дастгирии ихтироъкорӣ ва густариши фаъолияти инноватсиониро фароҳам овардааст.
Ин санади муҳими таърихӣ ҳамчун ифодагари орзуву ормонҳои миллӣ ва дастоварди муҳими даврони соҳибистиқлолӣ дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад. Риояи меъёрҳои он, эҳтиром ба қонун ва иҷрои уҳдадориҳои конститутсионӣ вазифаи ҳар шаҳрванди мамлакат буда, омили муҳими пойдории сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ба шумор меравад.
Иштирокчиёни ҳамоиш иброз доштанд, ки омӯзишу тарғиби ҳамаҷонибаи мазмун ва моҳияти Конститутсия, ба хусус дар байни ҷавонон барои тарбияи насли дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ аҳамияти муҳим дорад. Зеро маҳз эҳтиром ва риояи Қонуни асосӣ заминаи таҳкими ҷомеаи ҳуқуқбунёд, рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ ва ояндаи босуботу пешрафтаи Тоҷикистон мебошад.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон / Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»