Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 29.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ноҳияи Мурғоб силсиламайдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд, иттилоъ
ДУШАНБЕ, 29.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ноҳияи Мурғоб силсиламайдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бо мақсади оммавигардонии варзиш, тарғиби ҳаёти солим ва фароҳам овардани шароити муосири рушд барои наврасону ҷавонони ин ноҳияи баландкӯҳ майдончаҳои варзишӣ дар деҳаҳои Булункӯл, Аличор, дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, инчунин дар ҷамоатҳои деҳоти Ғоҷо Бердибаев, Қизилработ ва Рангкӯл расман ба фаъолият оғоз намуданд. Бунёди ин маҷмуи майдончаҳои муосири варзишӣ маҳсули ташаббуси созанда ва саҳми бевоситаи сокинони маҳаллӣ ва соҳибкорони ватандӯсти ноҳия мебошад, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои давлатӣ амалӣ карда шуд.
Ифтитоҳи майдончаҳои варзишӣ гувоҳи равшани муттаҳидии ҷомеа ва неруҳои созанда дар посух ба дастуру супоришҳои Роҳбари давлат оид ба ободонии минтақаҳои марзӣ ва баландкӯҳи Тоҷикистон мебошад.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон