Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев

АМИТ "Ховар" · · g1221874

Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев

ДУШАНБЕ, 04.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 4 ноябр дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев баргузор гардид.

Дар оғози мулоқот муҳтарам Рустами Эмомалӣ дуруди самимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев расониданд.

Зимни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегӣ миёни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ва Узбекистонро риштаҳои муштараки таърихӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ ба ҳам пайваста, таҳкими ҳамаҷонибаи муносибатҳои дуҷониба дар меҳвари сиёсати хориҷии ҳар ду кишвар қарор дорад.

Аз сатҳи баланди ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангию гуманитарӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Дар ин раванд, ҷонибҳо ба густариши робитаҳо ва таҳкими муколамаи байнипарламентӣ таваҷҷуҳ дода, аҳаммияти таҳкими заминаи ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба, ва ҳамоҳангсозии фаъолияти парламентҳои ҳар ду кишварро таъкид намуданд.

Дар бахши иқтисодӣ масъалаҳои густариши гардиши савдои дуҷониба, ҷалби сармоягузориҳои мустақим ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаи сӯзишворию энергетикӣ баррасӣ гардид.

Ҳамчунин, рушди ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ, бахусус, дар соҳаи маориф, муҳим шуморида шуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамкории фаъоли ҷонибҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ низ баррасӣ шуд.

Источник: АМИТ "Ховар"