«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 28.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Магар зеҳни сунъӣ соҳаҳои навро зуд фаро намегирад? Оё он одамонро бе ҷойи кор намегузорад? – чунин саволҳо ҳамаи онҳоеро, ки рушди технологияҳои муосирро пайгирӣ мекунанд, нигарон кардаанд. Зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна ба роҳ монда мешавад? Дар ин хусус бо овардани мисоли яке аз пешсафони технологии соҳаи телекоммуникатсия маълумот медиҳем. Спойлер: ҳатто дар он ҷое, ки зеҳни сунъӣ кор мекунад, қарори ниҳоӣ ҳамоно дар дасти инсон мемонад.

Нигоҳе ба фардои дигар

Зарурати назорати рушди зеҳни сунъӣ, аз ҷумла дар ҷумҳурии мо, аён аст. Бесабаб нест, ки маҳз Тоҷикистон ташаббускори эълон намудани Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод гардид, ки тибқи қарори Созмони Милали Муттаҳид он ҳамасола 31 август таҷлил мегардад. Ин иқдом бозгӯи дидгоҳи стратегӣ ба оянда буда, ифодагари ғамхорӣ на танҳо дар бораи имрӯз, балки дар бораи фардои дигар низ мебошад. Бо вуҷуди ин, аллакай имрӯз ширкатҳои Тоҷикистон технологияҳои зеҳни сунъиро бомуваффақона татбиқ мекунанд. Аммо саволи матраҳ ин аст: то кадом андоза эҳтимол дорад, ки ин технологияҳо дар оянда инсонро комилан иваз намоянд?

Ба ақидаи коршиносони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» нигарониҳо аз эҳтимоли пурра иваз шудани инсон бо зеҳни сунъӣ то андозае муболиғаомезанд. Зеҳни сунъӣ ҳамчун ёвар хизмат карда, барои зудтар иҷро намудани вазифаҳои маъмулӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти одамоне, ки аз ин технология истифода мебаранд, мусоидат мекунад. Аз ҷумлаи намунаҳои мушаххаси татбиқи зеҳни сунъӣ дар ширкат метавон чат-боти Доноро ном бурд, ки ба хизматрасонии муштариён ва рушди замимаи бисёрфунксионалии мобилии «МегаФон Life» равона шудааст.

Барои ҷавоб ба Доно муроҷиат кунед

Муштариён ҳамарӯза ба оператори худ даҳҳо ҳазор саволҳо медиҳанд. Аммо бисёре аз онҳо маъмулӣ мебошанд. Масалан, мизоҷон зуд-зуд мехоҳанд аз бақияи маблағ дар тавозуни худ, ҳаҷми боқимондаи гигабайтҳо дар бастаи интернетӣ ва тарофаҳои муфидтар барои пайвасткунӣ огоҳ шаванд. Ҷавоб ба чунин саволҳо аз имкониятҳои ёвари зеҳни сунъӣ берун нест. Маҳз бо ҳамин мақсад Доно таҳия гардидааст. Он қодир аст дархостҳоро бо истифода аз забони табиии муошират дарк намуда, ба забони тоҷикӣ ё русӣ ба онҳо посух диҳад ва бисёр масъалаҳоро бе дахолати одамон ҳал намояд.

Самаранокии кори Доно баланд аст. Аз ҷумла, ҳангоми муроҷиатҳои марбут ба пайвасткунии кортҳои электронии eSIM ёвари зеҳнӣ беш аз 60 фоизи муроҷиатҳои муштариёнро мустақилона коркард намуда, ба онҳо маълумоти зарурӣ пешниҳод менамояд, рӯйхати ҳуҷҷатҳои лозимиро барои барасмиятдарории eSim омода мекунад. Бо вуҷуди ин худи раванди барсмиятдарорӣ ҳамоно аз ҷониби одамон анҷом дода мешавад.

Агар тамоми самтҳои муроҷиати муштариёнро ба назар гирем, Доно қодир аст ба беш аз 50 фоизи дархостҳо посух диҳад, яъне зиёда аз нисфи муроҷиатҳо дар канали хизматрасонии онлайн бевосита тавассути чат-бот ҳал карда мешаванд. Ин имкон медиҳад, ки вақти кории мушовирон самараноктар истифода шуда, шумораи муроҷиатҳои муқаррарӣ коҳиш ёбад ва барои муштариён имконияти қулайтар барои гирифтани хизматрасониҳо фароҳам оварда шавад.

Доно пайваста такмил ёфта, доираи дархостҳои шинохташаванади он рӯз то рӯз васеъ мегардад. Дар натиҷа он ба яке аз воситаҳои муҳими рақамикунонии низоми хизматрасонӣ табдил ёфтааст. Ва бо вуҷуди ин, барои муштариён ҳамеша имкони пайваст шудан бо мушовир боқӣ мемонад, ки метавонад ҳатто масъалаи мураккабтаринро ҳал намояд. Барои баъзе сокинони Тоҷикистон муоширати мустақим бо инсон ҳанӯз ҳам аҳамияти хосса дорад. Аз ин рӯ, зеҳни сунъӣ дар соҳаи хизматрасонӣ одамонро комилан иваз намекунад. Бо вуҷуди ин, самаранокӣ ва арзиши зеҳни сунъӣ ҳамчун ёвари инсон бешубҳа аст.

Зеҳни сунъӣ ба IT кумак мерасонад

Ин гуфтаҳоро ба соҳаи IT низ метавон нисбат дод. Тасаввуре, ки зеҳни сунъӣ мустақилона ғояи маҳсулотро пешниҳод карда, онро таҳия ва дар амал татбиқ менамояд, бештар ба олами фантастика тааллуқ дорад. Шабакаҳои нейронӣ дар асоси маълумоти мавҷуда фаъолият мекунанд ва на ҳамеша қодиранд маълумоти боэътимодро аз маълумоти бардурӯғ ё сохта фарқ кунанд. Бинобар ин, тафаккури танқидӣ ва муносибати эҷодӣ, ки ба инсон хосанд, хеле муҳиманд.

Масалан, дар раванди рушди замимаи «МегаФон Life» маҳз одамон функсияҳои навро пешниҳод намуда, муайян мекунанд, ки кадом имкониятҳо барои муштариён зарур ва муфид хоҳанд буд. Зеҳни сунъӣ дар ин раванд ҳамчун восита – барои коркарди маълумот, иҷрои амалиётҳои муқаррарӣ ва ҳалли вазифаҳои маъмулӣ истифода мешавад. Чунин равиш ба мутахассисон имкон медиҳад, ки неру ва вақти худро бештар ба масъалаҳои мураккабтари дорои хусусияти тахассусӣ, таҳлил ва қабули қарорҳо равона созанд. Дар натиҷа даста метавонад аз марҳилаи муайян намудани вазифаҳо ба татбиқи амалии онҳо зудтар гузарад ва барои такмили маҳсулот, ҷустуҷӯи имкониятҳои нав вақти бештар ҷудо намояд.

Бехатарии зеҳни сунъӣ тавассути назорати ҳатмӣ аз ҷониби таҳиягарони масъул таъмин карда мешавад. Мутахассисони даста қарорҳо ва рамзи пешниҳоднамудаи зеҳни сунъиро месанҷанд ва пеш аз ворид намудани тағйирот ба замима мунтазам code review (санҷиши сифат ва дурустии рамзи барномавӣ)-ро анҷом медиҳанд. Маҳз бо чунини равиш хизматрасониҳои инноватсионии рақамӣ барои муштариёни ширкати «МегаФон Тоҷикистон» таҳия мегарданд, ки ҳамзамон қулай, фаҳмо ва бехатар мебошанд.

АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»

Источник: АМИТ "Ховар"