Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 04.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 3 ноябр дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони миссияи муштараки Институти ҷаҳонии рушди сабз (GGGI) ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (UN ESCAP) баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молия хабар медиҳад, дар мулоқот масъалаҳо оид ба омодагӣ ва баргузории чорабиниҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, ҷонибҳо атрофи ташкили мулоқот бо эмитентҳои эҳтимолӣ, гузаронидани машварати сатҳи баланд ва дигар тадбирҳо оид ба рушди воситаҳои маблағгузории устувор мубодилаи афкор намуданд.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"