Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 02.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Корхонаи давлатии таъминот ва савдои «Китоб» дар доираи ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» ба китобхонаҳои марказии шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои Фархор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Шамсиддин Шоҳин 2769 нусха китоб ба маблағи 90 ҳазору 522 сомонӣ супорида шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар доираи ин иқдом дар ноҳияҳои Восеъ ва Муъминобод намоиши китоб баргузор мегардад.

Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» бо мақсади ғанӣ гардонидани захираи китобхонаҳо, баланд бардоштани завқи китобхонӣ ва густариши фарҳанги мутолиа дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат идома дорад. Ин иқдом дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи «Барномаи давлатии рушди соҳаи фарҳанг ва санъат барои солҳои 2026–2030» ташкил шуда, ба тарғиби китобхонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҷомеа мусоидат менамояд.

Ёдовар мешавем, ки «Корвони китоб-2026» дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 26 октябр шуруъ шуда, то 6 ноябр идома меёбад.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"