Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 11.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 10 ноябр дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуда, зимни нишасти умумии он «Амнияти дастҷамъӣ дар ҷаҳони бисёрқутбӣ» сухан гуфт.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, роҳбари ниҳоди сиёсати хориҷии мамлакат аҳаммияти таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ, такмили механизмҳои таъмини амният ва рушди муколамаи созандаро байни давлатҳо дар шароити воқеии муосири геосиёсӣ таъкид дошт.
Таваҷҷуҳи хосса ба зарурати таҳияи рӯйкардҳои ҳамоҳангшуда ва муттаҳидсозии талошҳои ҷомеаи байналмилалӣ бо мақсади муқовимати самаранок ба хавфу таҳдидҳои нави замон зоҳир гардид.
Дар ҷараёни ҳамоиш оид ба масъалаҳои муҳими амнияти байналмилалӣ, инчунин нақши созмонҳои минтақавӣ дар ҳифз ва таҳкими суботи байналмилалӣ табодули афкор карда шуд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон