Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
АМИТ "Ховар" · · g2643743
ДУШАНБЕ, 01.11.2026 /АМИТ «Ховар»/ . 3 то 5 ноябр дар шаҳри Лондон Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» баргузор мегардад, ки дар он иқтидори сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррфӣ мегардад.
Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар асоси сиёсати созанда ва дарҳои кушода, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидааст, рушди соҳаи сайёҳӣ яке аз самтҳои муҳими муаррифии мамлакат дар арсаи байналмилалӣ маҳсуб меёбад.
Дар ин раванд, Кумита бо ҷалби шарикони дохиливу хориҷӣ барои муаррифии имкониятҳои мамлакат, тақвияти ҳамкорӣ бо бозорҳои нави сайёҳӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти миллӣ тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
«World Travel Market» аз бузургтарин чорабиниҳои сайёҳӣ дар ҷаҳон буда, соли равон иштироки беш аз 180 давлат, 40 ҳазор ширкату меҳмонхона, мутахассисон ва дигар субъектҳои хизматрасон дар соҳа дар он назар аст.
Бояд таъкид намуд, ки «World Travel Market — 2026» метавонад ҳамчун майдони муҳими густариши робитаҳо бо ширкатҳои сайёҳии хориҷӣ, муаррифии хатсайрҳои нав, баррасии имкониятҳои ҳамкорӣ дар шаклҳои тиҷоратии «B2B» ва «B2C» ва ҷустуҷӯи роҳҳои нави ҷалби сайёҳон мусоидат кунад.