«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 16.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов таҳти унвони «Ба Ватан содиқона хизмат мекунем!» ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҳамоиш собиқадорони соҳаҳои илму маориф, меҳнату варзиш, хизматчиёни ҳарбӣ ва устодону донишҷӯён иштирок намуданд.

Иштирокдорон нахуст бо дастовардҳои донишкада дар замони соҳибистиқлолӣ, ки дар гӯшаҳои алоҳида дар саҳни бинои муассиса ба намоиш гузошта шуда буданд, шинос гардиданд. Ҳамзамон дар ин ҷо намоиши машқҳои зебои варзиширо аз рӯи намудҳои мухталиф тамошо карданд.

«Ректори донишкада Амир Иброҳимзода иброз намуд, ки рушди илму дониш яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор меравад. Мактабу маориф заминаи ташаккули насли наврас, омода намудани мутахассисони соҳибкасб ва тарбияи ҷавонони ватандӯсту масъулиятшинос мебошад.

«Тавре Сарвари давлат таъкид менамоянд: «соҳиби илму дониш будан, махсусан дар замони мо, ки марҳалаи рушду такомули бесобиқаи техникаву технологияҳо ва густариши зеҳни сунъӣ маҳсуб мешавад, аҳаммияти зиёд пайдо кардааст. Дар чунин шароит на танҳо захираҳои табиӣ, балки инсонҳои донишманд, ҷавонони соҳибмаърифат ва кадрҳои баландихтисос сарвати асосии давлатҳо ба ҳисоб мераванд. Бинобар ин, хеле муҳим аст, ки насли наврасу ҷавони мо ба омӯзиши илму дониш таваҷҷуҳи ҳамешагӣ дошта бошад, мунтазам омӯзад ва дар ин замина ба эҷодкориву навоварӣ машғул шавад»,- афзуд Амир Иброҳимзода.

Гуфта шуд, ки Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов дар баробари тайёр намудани мутахассисони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба тарбияи маънавӣ, ахлоқӣ ва ватандӯстонаи донишҷӯён низ аҳаммияти ҷиддӣ медиҳад.

Изҳор гардид, ки давлат ва Ҳукумат барои рушди илму маориф шароит фароҳам овардааст омӯзгор бо дониш ва тарбияи худ, варзишгар бо пирӯзии худ, собиқадор бо таҷрибаи худ ва сарбоз бо хизмати содиқонаи худ ба таҳкими давлатдорӣ саҳм гузорад.

Баъди суханронии меҳмонон раёсати Донишкада собиқадорони ҷангу меҳнат ва афсарону сарбозонеро, ба ҳамоиш даъват гардида буданд, бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд.

АКС: Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймуъмин Раҳимов

Источник: АМИТ "Ховар"