Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои дохилии Урдун мулоқот намуд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 23.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 23 ноябр дар шаҳри Аммон мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Зубайдулло Зубайдзода бо Вазири корҳои дохилии Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Мазен Ал-Фарая баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобили судманди Тоҷикистон ва Урдунро мавриди баррасӣ қарор дода, барои таҳкими минбаъдаи робитаҳои дуҷониба дар самтҳои афзалиятнок, ба хусус дар соҳаҳои амният ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ изҳори омодагӣ намуданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба густариши ҳамкорӣ дар самти мубориза бо терроризм, экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва муқовимат ба дигар таҳдиду хатарҳои муосир равона гардид. Дар ин замина аҳамияти тақвияти ҳамкории мустақим байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду малмакат, табодули таҷриба ва иттилоот, инчунин истифодаи имконияти мавҷуда барои ба роҳ мондани иқдомҳои муштараки амалӣ таъкид карда шуд.
Ҷонибҳо инчунин ба зарурати ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Урдун, пешгирии ҷалби онҳо ба фаъолияти ғайриқонунӣ ва таъмини ҳамкории зичи мақомоти дахлдор дар ҳалли масъалаҳои ба миёномада таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон