Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
АМИТ "Ховар" ·

ҲИСОР, 19.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 17 октябр радиои «Ҳисори Шодмон» бо пахши тугмаи рамзӣ расман ба фаъолият оғоз намуд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ доданд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки дар замони муосир радио воситае аст, ки рукни муҳими маънавии ҷомеа эътироф гардида, дар инъикоси рӯйдоду воқеаҳо, таҳкими фазои иттилоотӣ, рушди давлатдорӣ, баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии мардум ва ваҳдати миллӣ нақши муассир гузошта, ба афкори ҷомеа таъсири амиқ мерасонад.
Аз ин рӯ ташкил намудани радиои «Ҳисори Шодмон» таҳти рақами 99,9FM дар самти рушди фазои иттилоотӣ, инъикоси дастовардҳои шаҳри Ҳисор ва боз ҳам наздик намудани воситаҳои ахбори омма ба мардум қадами муҳим ба шумор меравад. Радиои «Ҳисори Шодмон» дар инъикоси воқеоти ҷаҳони имрӯз, таҳкими асолати миллӣ, рушди давлатдорӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии мардум, пойдории адолат ва дӯстию рафоқат нақши муассир мегузорад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор